Санаи 23.12.2025 дар толори шӯрои олимони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, бахшида Рӯзи энергетикҳо дар мавзӯи “Рушди энергияи сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки олимон ва коршиносони соҳа баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур меҳмонон: Назиров Хуршед Бобохоҷаевич, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи электроэнергетикаи филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, Қасобов Лоиқ Сафарович, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи неругоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ иштирок ва маърӯза намуданд.
Конференсияро директори коллеҷи техникӣ Низомзода Зокирҷон Мукарам ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи энергетикҳо шодбош гуфта, қайд намуд, ки рушди соҳаи энергетика дар тӯли 34-соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва 22 декабр ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 89 сол пур мешавад.
Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гардида, имрӯз он дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.
Боиси қайд аст, ки бо дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетикӣ, умуман ба рушди соҳаи энергетика эътибори хоса дода шудааст. Сарвари кишвар, бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуданд.
Сипас, тибқи сенарияи баргузории конференсия Назиров Хуршед Бобохоҷаевич, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи электроэнергетикаи филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Разработка методики оптимальной интеграции крупных солнечных электростанций в электроэнергетические системы”, Қасобов Лоиқ Сафарович, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи неругоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи “Ҳолат ва рушди дурнамои энергияи офтоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Нуров Нурулло Раҷабович номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи электроэнергетикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи “Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” бо маърӯза баромад намуданд.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида , рӯҳияи омӯзгорон ва донишҷӯёнро баланд бардоштанд.
Дар конференсияи мазкур дар маҷмӯъ 35 мақола бо забони тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардида, баъд аз баррасии ҳайати тадорукот ҳамаи онҳо ба маҷмӯаи конференсия ворид гардида, нашр карда шуданд.
Дар фарҷоми конференсия бахшида ба Рӯзи энергетикҳо маърӯзачиён ва як қатор омӯзгорони фаъол бо ифтихорномаи раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ гардиданд.