Оре, шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода бо мисраҳои шеърии худ тавонистааст бори дигар ёдрас намояд, ки тоҷикон аслан мардуми инсондӯсту сулҳпарваранд. Имрӯз низ мардуми тоҷик дӯстиву ваҳдатро шиор ва пешаи худ қарор додааст. Ба бахти миллати тоҷик шахсияти беназир Пешвои миллат мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро сарварӣ карда истодааст, ки сулҳофару донишманду бунёдкор аст.
Исботи чунин суханҳоро дар ташриф овардан ба кишвари маҳбубамон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён мушоҳида кардан ба маврид аст. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст санаи 15.01.2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Зимни суҳбат сарони ду давлат доир ба барномаи нахустин боздид ва сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг саҳифаҳои навро боз хоҳад кард.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бинои Маркази Оши шаҳри Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид, ки дар кори он сарони ҳарду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштироки бевоситаи сарони ду давлат дар ин ҳамоиш худ бозгӯйи аз аҳамияти муҳим ва авлавият доштани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ дар маҷмӯи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад.
Боварии комил дорем, ки ҳамкориҳои ду кишвари бародарро қироати шеърҳои устод Рӯдакӣ ва бекор намудани раводид байни ду давлат дар саҳифаи таърихи миллати тоҷику эрон бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Азизмамадова Зулфия Сафармамадовна, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ