Мо мардуми шарифманди Тоҷикистон ҳама сола шашуми ноябр-ро ҳамчун рӯзи КОНСТИТУТСИЯ қайд менамоем.

Чихеле, ки ба ҳаммаи мо маълум аст то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба КОНСТИТУТСИЯ қабул карда шудааст.(солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсияи соли 1994 қабул гардида дар замони истиқлолияти давлатӣ бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. КОНСТИТУТСИЯ аз даҳ боб ва сад модда иборад мебошад.

Дар қисми сеюми моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН пайваста дастуру супоришҳои худро дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар гуянд. Ҳануз дар Паёми соли 2014 ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: “Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи муқарароти Конситутсияи амалкунанда ба ҳайси давлати иҷтимоӣ фаъолият намуда, сиёсати дохилии худро баҳри фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият муайян намудааст. Ҳамин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст: “Изҳор медорам, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некӯаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният ва адолат ва дар маҷмуъ, ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона карда мешаванд”. Ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нигоҳ накарда, бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи мутахассисону коршиносон дар моҳҳои сентябр-октябри соли 1993 ба кишварҳои хориҷа Шветсария, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои омӯзиши таҷрибаи конститутсионӣ фиристода шуданд. Бо вуҷуди дар давраи ҷанги шадиди шаҳрвандӣ таҳия гаштани Конститутсия, аъзоёни гурӯҳи корӣ тавонистанд, ки дар он беҳтарин дастовадҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитриро инъикос намоянд ва дар натиҷа Конститутсияи мазкур аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ба қатори конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътирофу ворид гашт. Бо назардошти ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузор кардани маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Ҳар як фарди тоҷик алалхусус ҷавононро зарур аст, ки ба қадри тинҷию амонӣ, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлоли давлатии дар Конститутсия эълонгашта бояд расанд , ва дар корҳои ҳаррӯзаашон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвари азизамон ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии ватанамон ҳаматарафа талош варзида бошанд.

ШОДМОНОВ ХУРШЕД – ассистенти кафедраи ,,таърих ва ҳуқуқ,,-и коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ