Дастаи волейболбозони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Руссия бозӣ намуда, бо ҳисоби 2:0 пирузӣ ба даст оварданд.
Табрикот
ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ РАЁСАТ
Дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раёсати коллеҷ ба донишҷӯёни соҳибистеъдод сипоснома, ифтихорнома ва ҳавасмандиҳои пулии молиявӣ супорид. Read more…


