Аҳли кормандони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ роҳбари муассиса НИЗОМЗОДА Зокирҷон Мукарамро ҷиҳати мушарраф гардиданаш бо нишони “Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон” самимона табрику муборакбод намуда, ба ӯ тандурустии бардавом, нерӯи тоза, муваффақиятҳои нав, обрӯю эътибори беш аз пеш ва комёбиҳои пайдарпай дар фаъолияти пурмасъули роҳбарӣ таманно доранд. Бигзор ин нишони баланд боиси сарафрозӣ ва ҳавасмандии фаъолияташон гардад.
Табрикот
ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ РАЁСАТ
Дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раёсати коллеҷ ба донишҷӯёни соҳибистеъдод сипоснома, ифтихорнома ва ҳавасмандиҳои пулии молиявӣ супорид. Read more…





