Раёсати таълими коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Раёсати таълим қисми асосӣ ва сохтори мустақили коллеҷ буда, назорати кори таълим, корхои таълимӣ – методӣ дар он амалӣ карда мешавад.

Раёсати таълим дар раванди фаъолияти кории худ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру супоришҳои директори коллеҷ, қарорҳои Шурои олимони коллеҷ ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури кори худ мекунад.

Раёсати таълим фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории солонаи тасдиқшуда ва нақшаи раванди таълим барои соли хониши нав ва тибқи дастуру супоришҳои муовини директори коллеҷ оид ба таълим роҳандозӣ менамояд.

           Раёсати таълим, фаъолияташро аз рӯи нақшаи тартибдода ба роҳ монда ҳар сол аз тарафи муовини директор оид ба таълим тасдиқ карда мешавад.

Иҷроиши фаъолияти раёсатро сардори раёсат роҳбари намуда ба муовини директор оид ба таълим итоат мекунад, ва ба фармони директор таъин ва озод карда мешавад. Вазифаҳои асосии раёсати таълим дар асоси низомномаи раёсати таълим, аз банақшагирии машғулиятҳои таълимӣ, ташкили кор ва муҳокимаи маводҳо оид ба назорати сифати таълим, ташкил ва тартиб додани нақшаи раванди таълим дар коллеҷ, гузаронидани таҷрибаомузии истеҳсолӣ ва таълимӣ, назорат аз болои иҷроиши нақшаҳои корӣ аз тарафи факултетҳо ва кафедраҳо, ташкил ва муҳокимаи фаъолияти кафедраҳо ва факултетҳо оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, кор карда баромадани нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили раванди таълим дар муассиса, омода намудани ҳуҷҷатҳо доир ба ташкил намудани кафедраю факултетҳои нав ва даровардани тағйиротҳо дар синамои коллеҷ, оид ба таркиби қисмхои таълимӣ, назарот аз болои иҷроиши нақшахои таълимӣ дар хамаи тахассусҳо иборат буда, мунтазам барои ташкили самараноки раванди таълим ва корҳои таълимӣ – методӣ назорат менамояд.

Масъалаҳои асосии дар назди раёсати таълим буда аз инҳо иборат аст:

-баланд бардоштани сифати таҳсилоту раванди таълим;

-ташкил ва ба роҳ мондани раванди таълим;

-кори кафедраю факултетҳоро оид ба таълим мутобиқ намудан;

-баланд бардоштани сифати маҳорати ҳайати профессорону омӯзгорон;

– коркард, пешниҳод ва инкишофи нақшаи дурнамои Коллеҷ;

-паҳн ва таҳлил намудани таҷрибаи пешқадами кории кафедраю факултетҳо оиди таълим;

Вазифаҳои раёсати таълим:

-тартиб додани нақшаи кории соли таҳсил;

-ташкил, назорат ва паҳн намудани маводҳои раванди таълим;

-тартиб додани нақшаи раванди таълим;

– гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ ва назорати иҷроиши он;

-ташкил ва паҳн намудани кори факултетҳо оиди ба нақшагирии корҳои мустақилона ва    назорати ва ҷория   пешрафти донишҷӯён;

-назорати иҷроиши нақшаҳои таълимӣ оиди ҳамаи ихтисосҳо;

-санҷидани корҳои кафедраю факултетҳо оид ба таълим;

-ба ҳисгирии миқдор ва ҳаракати донишҷуён;

-анализ ва паҳн намудани маводҳои сессияҳои имтиҳонотӣ ва давомоти донишҷуён;

-тартиб додани  ҳисоботҳои оморӣ ва корҳои таълимию методӣ;

-назорат ва паҳн намудани маводҳои раванди таълиму тарбия;

-ба нақшагирии истифодабарии аудиторию лабараторияҳо ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизотҳои техникӣ;

-санҷиши кафедраҳо оиди тайёр ва гузаронидани ҳамаи намудҳои раванди таълим;

-тартиб додани ахборотҳо оид ба корҳои таълимию методӣ;

-тайёр намудани маводҳо барои тасдиқ намудани штати профессорону муаллимон ва кормандони ёрирасон;

-тақсим, ҳисоб ва назорати истифодаи фонди соатбайъ, барои пардохти музди меҳнат;

-ҷавоб ба мактубу маълумотҳо оид ба масъалаҳои корҳои таълим;

-тартиб додани ҳисоботҳои солона оиди корҳои таълимию методӣ;

ва дигар вазифаҳову супоришҳои аз ҷониби маъмурият ва Шӯрои олимон пешниҳод мегардида иборат аст.

Дар зертобеи раёсати таълим бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот, бахши таҷрибаомӯзӣ, бахши омор, озмоишгоҳи таълимӣ – истеҳсолӣ, ва офиси бақайдгирӣ вобастаанд.

Кормандони раёсати таълим дар асоси дастурамали вазифавӣ фаъолият намуда ӯҳдадориҳои худро саривақт ба сомон мерасонанд.

Кормандони раёсати таълим

Мираков Насим-аз моҳи январи соли 2020 дар вазифаи сардори раёсати таълим фаъолият намуда истодааст

Узбеков Бузургмеҳр Лутфиддинович-аз моҳи апрели соли 2020 дар вазифаи муовини сардори раёсати таълим фаъолият намуда истодааст

Маҳмадалиев Шаҳром Бахтиёрович-аз соли 2018 дар вазифаи мудири бахши таҷрибаомӯзӣ фаъолият намуда истодааст.

Исоева Меҳрона Сайёдовна-аз моҳи марти соли 2020 дар вазифаи сармутахассиси бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот фаъолият намуда истодааст.

Бекназарзода Мусулмон-аз соли 2020 дар вазифаи муовини декани факултети муҳандисию иқтисодӣ фаъолият намуда истодааст.

Наимов Амиргулхон Тозагулхонович-аз соли 2019 дар вазифаи мушовири раёсати таълим фаъолият дорад.

Саёҳати Суфишо-аз соли 2019 дар вазифаи танзимгари раёсати таълим фаъолият намуда истодааст.

Тиллоева Муборак-аз моҳи августи соли 2020 дар вазифаи сармутахасиси раёсати таълим фаъолият намуда истодааст.