This image has an empty alt attribute; its file name is 29258424_830044673847912_2308868474371309568_o-2.jpg

Коллеҷи техникӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 49 аз 17-уми январи соли 1997 дар заминаи техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, ба сифати муассисаи давлатии таълимии техникӣ фаъолият дорад. Баъдан бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 5-уми декабри соли 1997 техникуми индустриалии шаҳри Душанбе ва 1-уми октябри соли 2009 коллеҷи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ (собиқ политехникум) низ ба коллеҷи техникӣ ҳамроҳ карда шуданд. Коллеҷи техникӣ аз рӯйи сохтори тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми ҶТ фаъолият карда, иҷрои Стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимиро таъмин менамояд.
Дар коллеҷ фаъолияти таълимӣ аз рӯи ду шакл, яъне рӯзона ва ғоибона роҳандозӣ мешавад. Раванди таълим аз соли 2013 дар асоси талабот ва меъёрҳои низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Солҳои аввали таъсисёбӣ коллеҷ дорои 2 факултет, 3 кафедра ва 5 ихтисос буд. Ҳоло бошад 5 факултет, 13 кафедра ва 1 сикл аз рӯи 25 ихтисос ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 10 ихтисос фаъолият доранд. Соли 2005 шумораи умумии донишҷӯён то 700 нафарро ташкил медод. Айни замон дар коллеҷи техникӣ зиёда аз 2200 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Соли 2005 то 70-нафар омӯзгор фаълият менамуданд, ҳоло бошад 134-нафар устодони соҳибтаҷриба ва унвондор, аз он ҷумла 15-нафар дотсент ба таълиму тарбия машғуланд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар коллеҷи техникӣ намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ё таҳсил доранд, ё кор мекунанд.
Дар даврони Истиқлолият роҳбарияти коллеҷи техникӣ фаъолияти кориашро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда, доир ба ободонӣ, беҳтаршавии сифати таълиму тарбия бисёр корҳои назаррасро ба сомон расонид. Ташкили маркази тестии дорои 100-компютер барои қабули имтиҳонҳо, тахҷизонидани кафедраҳо бо воситаҳои техникии муосир, аз нав таҳия ва тасдиқи силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорону кормандон, мувофиқи ихтисос ҷо ба ҷо кардани кормандон, барои такмили ихтисос ба курсу семинарҳои омӯзишӣ сафарбар намудани омӯзгорон, аз ҷумлаи онҳоянд.
Соли 2015 рӯзномаи коллеҷ «Навовари ҷавон» ба фаъолият шурӯъ намуд, китобхонаи электронӣ, Шӯрои олимони ҷавон ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён таъсис дода шуданд. Донишҷӯёни коллеҷи техникӣ бо ихтироъкорӣ машғул буда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷойи аввалро ишғол намудаанд.
Коллеҷи техникӣ ҳамкории байналмилалиро ҷоннок намуда, бо коллеҷу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Белорус ва Федератсияи Россия робитаҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.–Коллеҷ дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, олимпиада, озмунҳои фаннию эҷодӣ, намоишҳои театрикунонидашуда ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушараф гардидааст. Нақшаи дурнамои коллеҷ аз он иборат аст, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқ гардонидани раванди таълим ба талаботи стандартҳои умумиҷаҳонӣ, гузаронидани дарсҳои лексионӣ тавассути технологияи иттилоотӣ, зич намудани таълими назариявӣ бо таҷриба, таъмин намудани ихтисосҳо бо озмоишгоҳҳои замонавии тахассусӣ, пайваст намудани компютерҳои утоқҳои корӣ, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳҳо ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет, ташкил намудани таълими фосилавӣ ва ғайра мебошад. Дар давоми  фаъолияташ коллеҷи техникӣ ҳазорон мутахассисонро барои ба халқу Ватан хизмат кардан тайёр намудааст ва имрӯзҳо аз фаъолияти пурсамар ва содиқонаи хатмкардагон роҳбарият ва ҳайати профессорӣ-омӯзгории коллеҷи техникӣ ифтихор дорад. Иловатан қайд кардан ба маврид аст , ки коллеҷи техникӣ яке аз коллеҷҳои аввалин дар Тоҷикистон аст ва тайёрӣ ҷиҳати ҷашн гирифтани 20-солагии ташкилёбии коллеҷ, ки моҳи январи соли оянда доир мегардад, идома доранд.