Ҷиҳати қадршиносӣ, эҳтиром дар коллектив ва баланд бардоштани масъулиятшиносии омӯзгорону кормандон солҳост, ки дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ зодрӯзи омузгорону кормандон табрик карда мешавад.

Раёсати коллеҷи техникӣ бо истифода аз ин фурсат муовини директор оид ба тарбия Қиматби Эльназарро бо фарорасии рӯзи мавлуди хуҷастаашон самимона табрику таҳният намуда, барояшон қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно менамоянд.

Аҳли коллективи коллеҷи техникӣ аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоянд, ки ҳамеша Шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад, бахт дар ҳама кору афкор ёратон бошад ва орзуҳои ширинатон амалӣ гарданд, дастгирӣ ва муҳаббати наздикон бароятон саодат ва умедҳои равшан эҳдо намоянд.

Зодрӯз муборак муаллимаи азиз Қиматби Эльназар!