Ташев Фирдавс Фархадович
Cардори офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик  М.Осимӣ.

Ташев Фирдавс Фархадович, 07-уми январи соли 1996 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ-барномасоз. Соли 2013 ба факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишкадаи молия ва иҷтисоди Тоҷикистон дохил шуда, соли 2018 донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси низоми технологияи итттилоотӣ дар иқтисодиёт бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 2017 то соли 2019 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тољикистон ба ҳайси мутахассиси таъмири компютер ва барномасозӣ фаъолияти меҳнатияшро оғоз намудааст. Аз моҳи майи соли 2019 хамчун сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик  М. Осимӣ фаъолият намуда, аз моҳи августи соли 2020 инҷониб дар вазифаи сардори офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик  М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, истодааст.

 

 

Қодирзода Саидмаҳди Саидмусаяби Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Қодирзода Саидмаҳди Саидмусаяби, 26-уми ноябри соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ихтисосаш таъмини неругоҳҳои барқӣ. Соли 2014 ба факултети Электртаъминкунии Филиали Институти миллӣ-тадқиқотии «МЭИ» (Институти энергетикии Москва) дар шаҳри Душанбе дохил шудда, соли  2018 институти мазкурро аз рӯи ихтисоси таъмини неругоҳҳои барқӣ  бо муваффақият  хатм намудааст. Аз моҳи августи соли 2020  то инҷониб дар вазифаи  сармутахассиси  офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, истодааст.


Темиров Мамадюсуф Алишерович

Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Темиров Мамадюсуф Алишерович

Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Темиров Мамадюсуф Алишерович, 17 -уми сентябри соли 2001 дар н.Дусти таваллуд шудааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ-барномасоз. Соли 2017 ба факултети технологияи иттилоотии Коллечи техники ДТТ ба номи академик М.Осими дохил шуда, Коллечи мазкурро  соли 2021 бо ихтисоси иқтисодчӣ-барномасоз хатм намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2021 инљониб ба ҳайси сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.