Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” аз аҳамияти ниҳоят бузурги ин раванд барои рушди иқтисодиёти милли Ҷумҳуриии Тоҷикистон асоси исботро ташкил медиҳад. Дар Паёми Пешвои миллат низ ба таври возеҳ таъкид гардид, ки рақамикунонӣ бояд ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, молия ва маориф татбиқ гардид. Ин ба маънои он аст, ки соҳибкорон, муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон бояд ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, платформаҳои электронӣ ва абзорҳои онлайнӣ омӯхта шаванд.

Рақамикунонӣ дар соҳаҳои қайд карда шуда имкон медиҳад, ки: Ҳаҷми истеҳсолот ва самаранокии он афзоиш ёбад; Хароҷот ва вақти иҷрои амалиётҳо кам карда шавад; Шаффофияти иҷроиши амалиётҳо таъмин гардад; Ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти ватанӣ осонтар гардад; Инноватсияҳо ва технологияҳои нав татбиқ карда шаванд.

28 декабри соли 2024 дар доираи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои 2025-2030 -ро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд, ки ин иқдом аҳамияти ҷорӣ намудани технологияҳо ва навовариҳои муосирро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъкид намояд. Дар доираи ин ташаббус рушди инфрасохтори рақамӣ, беҳтар гардидани дастрасӣ ба хизматҳои интернетӣ, дастгирии стартапҳо дар соҳаи технология ва тақвияти барномаҳои таълимӣ дар соҳаи малакаҳои рақамӣ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин ба беҳтар гардидани муҳити корӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонии рақамӣ ба таври назаррас хоҳад монд.

Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳори ақида намуданд.

Президенти Тоҷикистон ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳукуқии дахлдорро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

«Ҳамзамон бо ин дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад»,-баён намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд, пешгӯи гардид.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи саноатикунонии кишвар диққати хоса дода шуд. Инчунин ба Вазорати саноат ва технологияҳо ва дигар вазорату идораҳо муроҷиат намуда, супориш доданд, ки ҳама соли рушди соҳаи саноатӣ на кам аз 20% таъмин карда шавад. Ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ аз тарафи Роҳбари давлат дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар шароити рушди иқтисодиёти рақамӣ корхонаҳои саноатӣ бояд ба технологияҳои нав, автоматикунонӣ ва роботизатсияи истеҳсолот гузаранд. Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар равандҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки: Сифати маҳсулот баланд бардошта шавад; Арзиши аслии маҳсулот паст карда шавад; Ҷойҳои кории нав бо маоши баланд фароҳам оварда шаванд; Дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад; Иқтидори содиротии кишвар афзоиш ёбад. Дар Паёми Президенти кишвар махсусан қайд карда шуд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам баландшавии нархи маҳсулоти хӯрока дар бисёр давлатҳои дунё ба назар расида истодааст. Бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафи миллии таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолии кишварамон мо бояд тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2024 ба миқдори 73 млрд. сомони расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 1,9 маротиба зиёд гаштааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Паёми Президенти мамалакат ба рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шуд. Барои ин, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ аҳамияти калон дорад. Технологияҳои рақамӣ метавонанд дар соҳаҳои зерин истифода шаванд:

1.Идораи хок ва ҳосилхезӣ бо истифодаи сенсорҳо ва дронҳо;

2.Истифодаи самараноки захираҳои об;

3.Пешгӯӣ кардани обу ҳаво ва идоракунии хатарҳои табиӣ;

4.Истифодаи платформаҳои онлайнии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;

5.Дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерон ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба маълумот ва технологияҳои нав.

Ҳамзамон дар маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ ду рукни муҳими пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ташаккули ин ду мафҳум на танҳо барои худи шаҳрвандон, балки барои давлат ва ҷомеа дар маҷмӯъ аҳамияти бузург дорад. Дар Паёми Пешвои миллат қайд карда шуд, ки ташаккули ин ду самти номбаршуда яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши калиди мебозад.

Ба ақидаи мо ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштаани фарҳанги андозсупорӣ чунин аҳамият дорад: 1.Беҳтар намудани сатҳи некӯҳволии халқ;

2.Тақвияти фаъолнокии иқтисодӣ пеш аз тавассути рушди соҳибкории хурду миёна;

3.Тавсеаи базаи андозбандии миллӣ;

4.Таъмини устувории буҷети давлатӣ;

  1. Даромади андозӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҷалби сармоягузорон зарур аст. Ин ҳама барои рушди устувори иқтисодии кишвар замина мегузорад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани маърифати молиявӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ на танҳо зарурат дорад, балки вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ва давлат мебошад.

Ин ду мафҳум ба ҳам алоқаманд буда, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим мебозанд. Бо ин мақсад, зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ ва тарғиботӣ дар сатҳҳои гуногун таҳия ва татбиқ карда шаванд ва ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин раванд таъмин карда шавад.

Нарӯзов Фатҳулло Нарӯзович – мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ