
Низомзода Зокирҷон Мукарам 19 сентябри соли 1978 дар ноҳияи Восеъ, деҳаи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.
Соли 2002 Донишкадаи «Андоз ва ҳуқуқ»-ро бо ихтисоси менеҷмент хатм намудааст. Аз рӯйи ихтисос иқтисодчӣ буда, дорои маълумоти олӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2002 оғоз намуда, солҳои 2002–2010 ба ҳайси омӯзгор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Солҳои 2016–2017 дар вазифаи муовини декан оид ба таълим дар факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ кор кардааст. Дар солҳои 2017–2018 сардори шуъбаи илм ва инноватсияи ҳамин муассиса буд.
Солҳои 2018–2019 дар вазифаи декани факултети нақлиёт ва технология, солҳои 2019–2021 бошад, декани факултети энергетика ва техникаи тиббӣи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намудааст.
Дар солҳои 2021–2025 ба ҳайси муовини директор оид ба таълим дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кор кардааст.
Аз 19 марти соли 2025 то имрӯз дар вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ фаъолият мекунад.
Низомзода Зокирҷон Мукарам узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 инҷониб узвияти ҳизбиро доро мебошад.
тел: 227-57-61