Қиматби Элназар

Муовини директор оид ба тарбияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, номзади илмҳои филологӣ, и.в. дотсент

Киматби Элназар 07.11.1990 дар шаҳри Кӯлоб Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Қиматби Э. соли (2012) бакалавр ва (2014) магистратураи факултаи филалогияи русӣ Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро  бо ихтисоси муаллимаи  «забон ва адабиёти рус» бо дипломи аъло  хатм карда, соли 2014 ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи  Давлатии Омӯзгорӣ    ба номи С.Айни дохил шуда соли 2017 рисолаи номзадияшро дар Шӯрои аттестатсионии АИ ҶТ дифоъ намудааст. Фаъолияти меҳнатияшро дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз соли 2015-шурӯъ намудааст.

Солҳои 2015-2016 мутахассисӣ пешбари шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва бахши кор бо ҷавонон, 2016-2017-муовини, мудири шуъбаи илм ва баъдан муовини сардори шуъбаи таълимӣ, 2017 то 2018 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, соли 2018-2019 муовини директор оид ба тарбия Аз 10.02.2020 то 2021  муовини директор оид ба таълими , аз 15.08.2021 то ба ҳол ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намуда истодааст.