Дар байни кафедраҳои муассиса кафедраи «Cохтмон ва меъморӣ» низ мақоми арзандаро доро мебошад, ки хатмкунандагони аз рӯи ихтисосҳо дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон тайёр мекунад. Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҶТ дар қатори дигар кафедраҳо дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ соли 1997 кафедраи «Сохтмон ва меъморӣ» низ таъсис ёфт.
Мақсад ва вазифаҳои кафедра дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир тайёр мекунанд. Хатмкардагони зиёди кафедраи сохтмон ва меъморӣ соҳибдараҷа гардида, дар соҳаи меъморӣ имрӯз софдилона иҷрои вазифа намуда, барои пешрафти соҳаи меъмори ва сохтмони ватани азизамон саҳми аразандаи худро гузоштаистодаанд.
Кафедра дар бинои иловагии муассиса ки дар маҳаллаи 46-микрорайон ҷойгир мебошад.
Кафедра дорои синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо муҷаҳҳаз мебошад.
Дар айни ҳол дар кафедра 14-омӯзгор, аз ҷумла 5-нафар омӯзгори калон, 6-нафар ассистент, 1-нафар ҳамкори беруна, 1-нафар ҳамкори дохила ва 1-нафар ҳуҷатнигор фаъолият менамоянд.
Такмили мунтазами ҷараёни таълим дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои зерин фаъолият карда истодааст.
- 2-690101 «Меъморӣ».
- 2-700201-05 «Банақшагирии биноҳо ва иншоотҳо».
- 2-700 201-31 «Сохтмони истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо».
- 2-700201 «Сохтмон саноати ва шаҳрвандӣ».
- 2-56020131«Геодезия дар сохтмон».
- 2-700 331 01 «Сохтмон нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои нақлиётӣ»
Рушди ҳамкории кафедра бо кафедраҳои муассиса, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисон равона карда шудааст.
Барои мукамал гардонидани савияи таҷрибавии донишҷӯён кафедра бо муасисаҳои лоиҳакаши ва корхонаҳои саноати ҳамкори менамояд, аз он ҷумла:
- КВД “ПИТ сохтмон ва меъморӣ”;
- КВД “ПИТ лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард”;
- ҶСК “Саноатсоз”;
- МНДРА –и ш. Душанбе;
- Муассисаи давлатии хизмати тармиму танзими садамот 007.