ХОЛМАТОВ РУСТАМ БУРАНОВИЧ

Холматов Рустам Буранович, 03.06.1977, шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Соли 1999 факултети бизнеси муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм намудааст. Солҳои 1999-2001 методисти факултети таҳсили ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, солҳои 2001-2006 оператор-барномасози факултети таҳсили ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, солҳои 2006-2007оператори шуъбаи кадрҳои донишҷӯёни Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2007-2009 ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2009-2010 муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2010-2011 муаллими калони кафедраи нархмуайянкунӣ ва суғуртаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Соли 2011 дар мавзӯи «Нақши хусусигардонӣ дар ташаккули моликияти бисёруклада (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» диссертатсия номзадии худро ҳимоя намудааст. солҳои 2011-2012 мутахассиси пешбари шуъбаи таҳсили ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2012-2015 н.и.и., дотсенти кафедраи молия ва муомилоти пулии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз моҳи август то моҳи ноябри соли 2015 н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт, идора ва технологияи информатсионии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи майи 2019 муовини директор оид ба таълими коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ кор кардааст. Аз 13.09.2019 то 29.01.2020 муовини директор оид ба илм ва инноватсия фаъолият намуда, аз 29.01.2020 инҷониб директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ мебошад.