Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмуни китобхонаи беҳтарин баргузор ва ҷамъбаст мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки санаи 16.01.2026 мудири китобхонаи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ -Турдиева Мавҷуда дар озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” аз рӯи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини оилавӣ ” сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Раёсати коллеҷ Турдиева Мавҷударо барои чунин муваффақият самимона табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав дар фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ орзу менамояд.
https://www.facebook.com/share/p/1BdzMwRBw3/