Омӯзгорону кормандони Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ – Сафаров Парвиз Маҳмадалиевич ва Амруллозода Фарзона Амрулло, дар натиҷаи анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии пурсамар ва самаранок дар самти техника ва технология, ба дастоварди муҳими илмӣ ноил гардиданд. Натиҷаи ин фаъолияти илмӣ аз ҷониби Маркази миллии патентиву иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф шуда, ба муаллифон нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № TJ 1664 бо номи «Дастгоҳ барои чен кардани гармиғунҷоиши хоси моеъҳои наноструктурӣ ва маҳлулҳо дар реҷаи худкор (вариантҳо)» дода шуд. Ихтироъи мазкур дорои аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ буда, имкон медиҳад, ки гармиғунҷоиши хоси моеъҳои наноструктурӣ ва маҳлулҳои гуногун бо дақиқии баланд, суръат ва дар реҷаи худкор чен карда шавад. Истифодаи чунин дастгоҳ метавонад дар соҳаҳои энергетика, физикаи техникӣ, кимиё, маводшиносӣ ва технологияҳои муосир васеъ ба роҳ монда шавад. Ба даст овардани нахустпатенти мазкур шаҳодати сатҳи баланди иқтидори илмии омӯзгорону кормандони коллеҷ, саҳми назарраси онҳо дар рушди илм, техника ва навовариҳо, инчунин боло рафтани нуфузи муассисаи таълимӣ дар арсаи илмии ҷумҳурӣ мебошад.

