ПАЁМ – ОМИЛИ ДИГАРГУНСОЗИИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам. Эмомалӣ Раҳмон Санаи 16-уми декабри соли 2025 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Read more…

ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲОИ МЕВАДИҲАНДА ВА СОЯАФКАН АЗ ТАРАФИ КОРМАНДОНИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ ДАР ДАРАИ ЗЕБОМАНЗАРИ РОМИТ

Бо ташаббуси директори коллеҷи техникӣ мӯҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам дар дараи зебоманзари Ромит, кормандони коллеҷ барои сабзу хуррам гардонидан ва тозаю озода нигоҳ доштани атрофи фароғатгоҳи муассисаи таълимӣ ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ, кабутизоркунӣ Read more…

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ

Санаи 11-уми феврали соли 2026 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ва шиносоӣ бо равия, ихтисосҳо, заминаи моддию техникӣ ва шароити таълиму тарбия дар коллеҷи техникӣ “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд, ки дар он намояндагони Read more…

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО НОБОЛИҒОНУ ҶАВОНОНИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ ОИД БА ҲОЛАТҲОИ РИОЯИ ИҶРОИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ”

Дар асоси мактуби Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри душанбе дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ вохурии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ноболиғону ҷавонони коллеҷ оид ба ҳолатҳои риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон: Ҳасанзода Read more…

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР ВА ХАТАРЕСТ БА ҶОМЕАИ СОЛИМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба Read more…

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

Соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ дар шароити рушди ҷомеаи муосир ҳамчун пояи асосии ташаккули неруи зеҳнӣ ва захираи инсонӣ баромад намуда, сатҳи пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлатро муайян месозад, зеро маҳз дар ҳамин раванд ҷаҳонбинӣ, тарзи фикрронӣ ва қобилияти таҳлилӣ дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул меёбад. Асосгузори Read more…

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ – ОМИЛИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МУТОЛИА, ТАФАККУРИ ИЛМӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими пояҳои маънавӣ, рушди фарҳанги мутолиа ва ташаккули тафаккури илмӣ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян гардидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид менамоянд, ки ояндаи кишвар аз сатҳи Read more…

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ТАФАККУРИ ИЛМӢ, ФАРҲАНГӢ ВА КАСБИИ ҶАВОНОН

Дар даҳсолаҳои охир рушди устувори ҷомеа ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлатҳо беш аз ҳар вақти дигар ба сатҳи маориф, иқтидори зеҳнии шаҳрвандон ва сифати тайёр намудани кадрҳои соҳибкасб вобаста гардидааст, зеро маҳз дониш, илм, фарҳанги маърифатӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ метавонанд пояи асосии рушди дарозмуддат ва устувори давлатро таъмин намоянд. Ҷумҳурии Read more…

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ

Санаи 4-уми феврали соли равон дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба ҷашни Сада бо ташаббуси раёсати коллеҷ чорабинии идона таҳти унвони «Сада омад – мужда аз Наврӯз» баргузор гардид. Нахуст дар саҳни бинои асосии коллеҷ анвои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулотҳои нонӣ ба маърази тамошо гузошта Read more…