Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ва баромадҳои худ зикр мекунанд. “Аксарияти аҳолии моро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҳузури аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ирроа гардид. Бояд қайд кард, ки паём масъалаҳои гуногунро дар бар мегирифт ва њамаи ин масъалањо барои пешрафти давлат ва кишварамон муҳим буданд. Дуруст аст, ки ин паём масъалаҳои муҳими давлатӣ ва хусусии зар як фарди ҷомеаи имрӯзаро дар бар гирифта аст.. Аз ин рӯ, зар як фарди имрӯза метавонад барои худ ҷиҳатҳои заруриашро интихоб карда, онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад.

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ниҳоят диққатҷалбкунанда буд. Зеро,фаъолияти Ҳукумати имрӯзаамон ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл нигаронида шудааст ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ гашта истодааст. Чи тавре дар паём қайд гардида буд «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Дар ҳақиқат мушоҳида мегардад, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Дар баробари ин, мо масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешида шаванд.

Муҳимии ин масъала дар паём низ дарҷ гардид, ки «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

Ҳамчун омӯзгор мо бояд дарк намоем, ки мақсадҳои дурахшоне, давлат ва Ҳукумати кишварамон гузоштааст, яъне «…аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд» аз фаъолияти омӯзгорон низ вобаста аст. Зеро, ҳамаи мутахассисоне, ки барои амалӣ намудани ин гуна нақша равона мегарданд, дастпарварони омӯзгорон мебошанд. Агар сифат ва самаранокии таълиму тарбия хуб набошад, шогирдон дониш, мањорат ва малакаҳои заруриро доро нашаванд, онҳо наметавонанд, ки мутахассиси хуби соҳаи худ шаванду супоришҳои дар наздашон гузошташударо амалӣ намоянд. Муҳимми ин масъалаи роҳбарияти давлат дарк карда истода, дар паёми худ қайд карданд, ки «ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд».

Дар баробари дастуру супоришҳо додан, барои ҳавасманд кардани кормандон дар паёми худ, Президенти кишварамон қайд карданд, ки «…аз 1-уми сентябри соли 2024 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад».

Дар ҳақиқат, имрӯз мо омӯзгоронро лозим аст, ки аз беҳтарин усулҳои таълим ва тарбия истифода бурда, дар рушди кишвари худ саҳмгузор бошем. Мо, омӯзгорон барои беҳтар кардани сифат ва самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва љавонон бояд аз усули каммаҳсули авторитарӣ ва либералии муоширати педагогӣ даст кашида, ба усули пурмаҳсули демократии муоширати педагогӣ рӯ биорем. Ин усули демократии муоширати педагогӣ талаб менамояд, ки дар асоси ба инобат гирифтани шавқу завқ ва мароми илмомӯзии шогирдон ҷараёни таълимро ба роҳ монда, тавассути муоширати руҳбаландкунанда, онҳоро бо дараҷаи баланди дониш, маҳорат ва малака мусаллаҳ намоем.

Дар бораи бартарии усули демократии таълим ва тарбияи насли наврас аз усулҳои авторитарию либералӣ бузургони мо ҳамеша мардумро ба донишандӯзӣ, таҷрибаи зиндагӣ, ҳамқадами замон будан даъват менамуданд ва мо бояд ин гуфтаҳои онҳоро дар амал татбиқ намоем.

Дар ҳақиқат, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Маҳмадалиев М.Б. – сардори раёсати ташкилїтарбиявї