Санаи 02.03.2026 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки меҳмонон, аҳли раёсат, ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ конференсияи IT дар заминаи Паёми Пешвои Миллат оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар мавзӯи “IT муҳаррики ҳамаи соҳаҳо” баргузор гардид.
Дар конференсия меҳмонон: Хайриддин Сахиев, роҳбари филиали Академияи SoftClub дар ноҳияи Шоҳмансур, Наҷибулло Шамсуддинов, роҳбари филиали Академияи SoftClub дар ноҳияи Сино, Муҳаммадҷон Мирзоев, корманди филиали Академияи SoftClub дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва маърӯза намуданд.
Чорабиниро директори Коллеҷи техникӣ муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам оғоз бахшида, меҳмонону иштирокдоронро шодбош гуфта, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ санаи 16.12.2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ қайд намуданд, ки “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.”
Қайд карда шуд, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун марҳилаи нави рушди технологӣ имрӯз дар таҳлил ва қабули қарорҳои иқтисодӣ нақши муассир мебозад. Истифодаи усулҳои зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки равандҳои иқтисодӣ дақиқтар пешгӯӣ гардида, идоракунии захираҳо самараноктар амалӣ карда шавад. Таъкиди Пешвои миллат ба рушди ин самт нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои пешрафта ҳамчун василаи таъмини рушди инноватсионӣ аҳамияти стратегӣ медиҳад.
Сипас, Наҷибулло Шамсуддинов, роҳбари филиали Академияи SoftClub дар ноҳияи Сино дар мавзӯи “Рушди соҳаҳои гуногун бо истифодаи васеи зеҳни сунъӣ”, Хайриддин Сахиев, роҳбари филиали Академияи SoftClub дар ноҳияи Шоҳмансур дар мавзӯи “Авротоҷ: намунаи роботи муосир бо зеҳни сунъӣ”, Муҳаммадҷон Мирзоев, корманди филиали Академияи SoftClub дар ноҳияи Шоҳмансур дар мавзӯи “Нақши роботҳо ва зеҳни сунъӣ дар ояндаи муосир” маърӯза намуда, қайд намуданд, ки дар шароити рушди босуръати равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рақобати иқтисодии муосир, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои калидии таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.
Дар охир иштирокдорони чорабинӣ ба роботи муосири “Авротоҷ”, ки бо зеҳни сунъӣ пайваст буд саволу ҷавоб намуда, аз посухҳои роботи муосир изҳори қаноатмандӣ намуданд.