ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ МУБОРАК МУАЛЛИМАИ ГИРОМӢ!

Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмуни китобхонаи беҳтарин баргузор ва ҷамъбаст мегардад. Боиси ифтихор аст, ки санаи 16.01.2026 Read more…

АЗ ЭҶОДИЁТИ НУРИНИСО АКРАМОВА

1. ПАЁМИ СУЛҲ Бошад ҳамеша ҳамсафари ман каломи сулҳ, Хоҳем рӯдбори хуши мустадоми сулҳ. Ҳар субҳидам ба нағмаи сетору арғунун, Булбул ба шоха мерасад баҳри саломи сулҳ. Дар зери Парчами Ватан тифлони мо хушанд, Воло шуморам аз зару сим эҳтироми сулҳ. Гардад димоғ тозаю гул медамад ба боғ, Ояд ба Read more…

ҚАДРДОНИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ, НИЗОМЗОДА ЗОКИРҶОН МУКАРАМ БО НИШОНИ АЪЛОЧИИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 09.01.2025 дар ҷамъбасти ҳисоботи солонаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, НИЗОМЗОДА Зокирҷон Мукарам барои саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли ҷавон, заҳмати содиқона, роҳбарии хирадмандона, ташаббусҳои созанда ва саҳми арзанда дар рушди низоми таҳсилоти касбӣ, Read more…

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ -СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ РОҶЕЪ БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 6-уми январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҳамоиши илмӣ -сиёсӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи тадбирҳои Read more…

ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР СММ ҲАМЧУН ИНЪИКОСИ ДИДИ СТРАТЕГӢ, МАСЪУЛИЯТИ ГЛОБАЛӢ ВА САҲМИ КИШВАР ДАР ШАКЛГИРИИ ОЯНДАИ РАҚАМӢ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence – AI) қабул гардид, ки онро метавон яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон ва дар муколамаи Read more…

ТЕРРОРИЗМ ҲАМЧУН ТАҲДИДИ УМУМИБАШАРӢ БА СУЛҲ, АМНИЯТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

Терроризм дар ҷаҳони муосир ба яке аз мушкилоти бузургтарин ва хатарноктарин табдил ёфта, ҳамчун таҳдиди мустақим ба сулҳ, амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори давлатҳо арзёбӣ мегардад. Ин падидаи номатлуб, ки бо истифода аз зӯроварӣ, қатлу харобкорӣ, тарсу ҳарос ва фишори равонӣ амалӣ мешавад, ба арзишҳои асосии башарият – Read more…

ПИНДОРИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК ВА КИРДОРИ НЕК

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ қайд карданд, мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Бояд қайд кард, ки шиори «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» Read more…

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ НИЗОМЗОДА ЗОКИРҶОН МУКАРАМ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Муҳтарам омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва эҳсоси самимӣ фарорасии Соли нави мелодии 2026-ро ба ҳар яки Шумо табрик гуфта, бароятон тандурустии комил, рӯзгори обод, осоишу оромӣ, муваффақиятҳои пайдарпай ва комёбиҳои нав дар роҳи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурмаҳсул орзу менамоям. Соли 2025 барои Коллеҷи техникии Донишгоҳи Read more…

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ НИЗОМЗОДА ЗОКИРҶОН МУКАРАМ

Санаи 30.12.2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки сардори раёсати таҳсилоти миёнаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадализода Бобоҷон ва тамоми омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ ҳисоботи директори коллеҷи техникӣ Низомзода Зокирҷон Мукарам “Оид ба фаъолияти Read more…