Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, санаи 20 майи соли 2026 дар майдончаи варзишии “Мирзобек”-и маҳаллаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ таҳти унвони “Football Fest” бо иштироки доираи васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, масъулини кумитаву ташкилотҳои ибтидои ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, ҷавонону наврасон, дӯстдорони футбол, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи варзиш, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур, дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дастаи бонувони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мусобиқаи футболи хурд байни бонувони Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур дар доираи баргузории фестивали футбол “Football Fest” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи ҷаҳони футбол” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Раёсати Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тамоми устодону донишҷӯён ва бахусус, аъзои дастаи футболи бонувони коллеҷро барои сазовор шудан ба ҷойи ифтихорӣ дар мусобиқаи футболи хурди “Football Fest” аз таҳти дил табрик ва муборакбод мегӯяд!