Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо – донишҷӯёни арҷманд ва ҷавонони саодатманди кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи таълиму тарбия барору комёбиҳо таманно менамоям.
Сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон, тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ меҳисобанд. Қабули чандин санадҳо доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расман эълон гардидани Рӯзи ҷавонон, эълон гардидани Соли ҷавонон, мунтазам роҳандозии фестивалҳои дӯстии ҷавонон аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба чунин ҳадафҳои шоиста арзёбӣ мегардад.
Воқеан, ҷавонон – ворисони асилу арзандаи миллат, нерӯи бузурги бунёдкориву ояндасози давлат, қишри ҳассосу баландпарвози ҷомеа, созандагону имрӯзу фардо, манбаи ғояҳои нав, идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи худ, ташаббускору қувваи пешбаранда ва сарвати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя намуда, онҳоро “Умеди фардо, захираи тиллоӣ ва стратегии давлату миллат” ном мебаранд.
Ҷавонони мо имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан дар бахши техникаву технология, ки талаботи замони муосир аст, пешсаф мебошанд. Мо фахр мекунем, ки донишҷӯёни Коллеҷи техникӣ низ дар ин самт саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мо боварӣ дорем, ки донишҷӯёни азиз ва ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми худро дареғ намедоранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ба ҳамаи шумо хотири ҷамъ, рӯҳияи баланд ва кулли ҷавонони кишварамонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, комёбиву муваффақиятҳо ва хушбахтиву пирӯзиҳоро орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!