(Бахшида ба 35 – солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
14 – уми октябри соли 1924 сессияи дуюми Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) қарор дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул намуд. Ин санад оғози марҳилаи нави таърихӣ дар ташаккули давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Бо идомаи ин раванд, 16 октябри соли 1929 Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил дода шуда, 5 декабри ҳамон сол ба ҳайати мустақили ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил гардид. Қабули Конститутсияи аввалини ҷумҳурӣ (29 апрели соли 1929) заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи давлатро фароҳам овард.
Ташаккули шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахт
Аз солҳои 1920-ум шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ ва иқтисодӣ рушд кардан гирифт. Бо мақсади рушди шаҳрсозӣ ва меъморӣ, соли 1926 мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба Тоҷикистон ҷалб гардиданд.
Яке аз аввалин меъморони касбӣ – Пётр Иванович Ваулин буд, ки соли 1927 тарҳи ибтидоии шаҳрро бо се кӯчаи асосӣ пешниҳод намуд. Ин лоиҳа ҳамчун пояи аввалини рушди шаҳрсозии Душанбе арзёбӣ мегардад.
Дар солҳои 1935–1937 таҳти роҳбарии меъмори маъруф Николай Варфоломеевич Баранов нахустин нақшаи генералии шаҳри Душанбе (он замон Сталинобод) таҳия гардида, соли 1938 тасдиқ шуд. Ин нақша рушди муназзами шаҳрро таъмин намуд.
Дар ташаккули меъмории Душанбе як қатор меъморон ва муҳандисони варзида саҳми назаррас гузоштаанд, аз ҷумла: Пётр Иванович Ваулин, Николай Варфоломеевич Баранов, Веселовский Всеволод Глебович, Дмитрий Иванович Билибин, Стефан Лукич Анисимович,
Сергей Владимирович Кутин, Владимир Алексеевич Афанасьев
Аз ҷумла, Веселовский В.Г. муаллифи нақшаи генералии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои 8000 донишҷӯён (1974) мебошад.
Бо таъсиси ташкилотҳои лоиҳакашӣ, аз ҷумла «Тоҷикгипрострой», рушди босуръати шаҳрсозӣ оғоз ёфта, Душанбе тадриҷан ба як шаҳри муосир табдил ёфт.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Аз ҳамин давра рушди меъмории миллӣ ва шаҳрсозии муосир оғоз гардид.
Дар давраи истиқлолият як қатор иншооти муҳим бунёд шуданд, аз ҷумла:
Маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ (1999). Боғҳо ва гулгаштҳои замонавӣ, Биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ
Ин раванд симои нави меъмории пойтахтро шакл дод ва Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зебои минтақа табдил ёфт.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2022 №203 “Стратегияи рушди соҳаи сохтмон барои давраи то соли 2030” қабул гардид. Ин санад рушди устувори шаҳрсозӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сифати сохтмонро пешбинӣ менамояд.
Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Рушди меъморӣ ва шаҳрсозии он натиҷаи заҳмати чандин наслҳои меъморон ва муҳандисон мебошад.
Вазифаи асосии меъморони муосир – таъмини муҳити бароҳат, устувор ва зебои зист барои аҳолӣ мебошад. Ҷавонон бояд бо истифода аз донишҳои муосир ва таҷрибаи пешқадам дар рушди минбаъдаи пойтахт саҳм гузоранд.
Фозилов Зарифбек Қобилович, мудири кафедраи сохтмон ва меъмории Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ