Муҳтарам кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни арҷманд!
Дар ин лаҳзаҳои басо рангини таърихӣ, пеш аз ҳама Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имрӯзҳо дар фазои оромиву осудагӣ ва рӯҳияи баланди идона таҷлил гардида истодааст, самимона табрику шодбош намуда, ба ҳамаи Шумо саломатии бардавомро таманно дорам!
Воқеан, таҷлили ҷашни Наврӯз шаҳодат аз он аст, ки дар диёри куҳанбунёд ва сарзамини таърихиву ҳосилхези тоҷикон Наврӯз омад.
Наврӯз аз бузургтарин, зеботарин ва муқаддастарин ҷашни миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз миллати куҳанбунёду таърихӣ ва соҳибтамаддуну фарҳангсолор будани тоҷикон башорат медиҳад. Ин ҷашни бошукӯҳ таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҳамчун мероси бою пурғановат аз ниёгон бароямон мерос мондааст.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мақому манзалати Навруз ҳамчун маҳбубтарин ҷашн, анъана ва русуми миллӣ сатҳу сифати навро касб намуда, бо кӯшишу заҳмат, ва ибтикору ташаббусҳои бевоситаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро пайдо кард.
Раёсати коллеҷи техникӣ низ иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ва давлату ҳукуматро пайваста сармашқи кори хеш қарор дода, бахшида ба таҷлили ин ҷашни миллии миллати тоҷик корҳои ободкорӣ, хуррамгардонӣ ва чорабиниҳои фарҳангию варзиширо тариқи озмун миёни сохторҳои муассиса ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор менамояд.
Бо ифтихор қайд намудан ба мавридаст, ки муассисаи таълимии мо аз Наврӯз то Наврӯз дар тамоми самтҳои фаъолияташ ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Сифатнокии дарсҳо, ташаббускории омӯзгорон, донишандӯзии донишҷӯён, таъминоти кадрию техникаи муосири таълим, баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ ва ширкати намояндагони коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, озмунҳои фаннию корҳои эҷодӣ ба куллӣ беҳтар гардида, дар ҷумҳурӣ нуфузи хешро пайдо намудааст.
Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Шоирони забардасте чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро чунин ба қалам додаанд:
Наврӯзи наву соли наву кори нав омад,
Дар кишвари дил файзи фараҳбори нав омад.
Пӯшида ба тан пироҳани тоза табиат,
Булбул ба навои гулу гулзори нав омад.
Оре, бо омад омади Наврӯз табиат ҷомаи сабзро ба бар карда, тамоми гулу гиёҳҳо аз хоби ноз бедор мешаванд, ки ба инсон болидагию сафо мебахшад. Бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шод аз он бошад, ки ҷойгоҳи шоистаи наврӯз дар ватани мо аз қадимулайём ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Ҳамкорони гиромиқадр ва донишҷӯёни азиз! Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо ин ҷашни ниҳоят арҷманду фараҳбахш Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Бигузор қадами фархундапайи Наврӯз ба сарзамини тоҷикон сулҳу сафо, ободиву осоиштагӣ ва баракату барор оварад.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод.
Бо эҳтиром директори коллеҷи техникӣ Низомзода Зокир