Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмии байналмилалиро яке аз самтҳои муҳими рушди касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ мешуморад. Дар ҳамин замина, намояндагони муассиса дар конфронси байналмилалии илмию техникӣ таҳти унвони «Технологияҳои муосир дар механика, коркарди металл ва истеҳсоли кафшер: тамоюлҳо, мушкилот ва дурнамо», ки аз ҷониби КГКП «Темиртауский технический колледж»-и Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, намояндагони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ иштирок намуданд.Чорабинӣ мазкур саннаи 27 феврали соли 2026 соати 09:30 (бо вақти Астана/Алматы) баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳими соҳаҳои техникӣ бахшида шуд.
Дар натиҷаи иштироки фаъол ва саҳмгузорӣ дар муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳа, директори муассиса – Низомзода Зокирҷон Мукарам, муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ – Ҳакимов Зоирҷон Рузибоевич, бо Сипоснома ва бо Сертификатҳо: сардори шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ – Сафарзода Парвиз Маҳмадалӣ, декани факултети энергетика ва нақлиёт – Абдураҳимов Хуршед ва декани факултети сохтмон ва технологияи иттилоотӣ- Ниёзов Ҳамза қадрдонӣ гардиданд.