Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмии байналмилалиро яке аз самтҳои муҳими рушди касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ мешуморад. Дар ҳамин замина, намояндагони муассиса дар конфронси байналмилалии илмию амалӣ барои кормандони педагогии ташкилотҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ», ки дар Коллеҷи сохтмонии Дони шаҳри Навачеркаски вилояти Ростови Федератсияи Россия баргузор гардид, бо дастовардҳои назаррас ҳузур пайдо намуданд.
Дар натиҷаи иштироки фаъол ва саҳмгузорӣ дар муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи педагогика, директори муассиса Низомзода Зокирҷон Мукарам бо Сипоснома, ва бо Сертификатҳо: муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Азимов Холиқназар Ҳакимович, муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ – Ҳакимов Зоирҷон Рузибоевич, мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ – Сафарзода Парвиз Маҳмадалӣ ва сардори раёсати илм ва инноватсия – Амруллозода Фарзона Амрулло қадрдонӣ гардиданд.
Қадрдонии намояндагони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ нишонаи эътирофи сатҳи баланди омодагии касбӣ, иштироки фаъол дар равандҳои илмӣ ва саҳми муассир дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ба ҳисоб меравад.
Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ минбаъд низ ҷиҳати рушди иқтидори илмӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолияти худро пайгирона идома хоҳад дод.