Дар низоми давлатдорӣ пём шакли махсуси муоширати давлат бо ҷомеа мебошад, ки дар он на танҳо натиҷаҳои фаъолият ҷамъбаст мегарданд, балки самти фикрронӣ, тарзи идоракунӣ ва меъёрҳои рушди минбаъда муайян карда мешаванд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, паёмро наметавон танҳо ҳамчун суханронии сиёсӣ арзёбӣ кард; он бештар ба як матни ҷамъбастии стратегӣ шабоҳат дорад, ки дар он давлат ба ҷомеа фаҳмондан мехоҳад, мо дар куҷо қарор дорем, бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ ҳастем ва бо кадом роҳ метавонем онҳоро ҳал кунем. Бо ин маънӣ, мазмуни паём аз баёни оддии дастовардҳо фаротар рафта, ба масъалаи сифати идоракунӣ ва самаранокии истифодаи захираҳо тамаркуз мекунад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими паём он аст, ки рушди кишвар дар он ҳамчун натиҷаи сиёсати ҳадафмандона ва меҳнати ҷамъиятӣ натиҷагирӣ мешавад. Дар ин суханронӣ таъкид гардид, ки пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ба омилҳои гуногун вобаста аст: суботи сиёсӣ, идоракунии дуруст, иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ, рушди инфрасохтор, сармояи инсонӣ ва эътимоди ҷомеа ба давлат. Ҳар яке аз ин унсурҳо, агар аз низоми умумӣ ҷудо карда шавад, наметавонад таъсири пурра дошта бошад. Аз ҳамин ҷиҳат, Пешвои миллат дар паём ҳамаи ин омилҳоро дар доираи як мантиқи ягона ба ҳам пайванд доданд.
Дар маркази ин мантиқ масъалаи идоракунӣ қарор дорад. дар паём борҳо ба он ишора шуд, ки мушкилоти асосӣ на ҳамеша дар норасоии маблағ ё имкониятҳо, балки дар тарзи истифодаи онҳо мебошад. Таҷрибаи солҳои охир нишон додааст, ки ҳатто дар шароити маҳдудияти захираҳо низ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд, агар низоми идоракунӣ шаффоф, ҳисоботдиҳанда ва ба натиҷа нигаронидашуда бошад. Аз ин рӯ, дар паём масъалаи гузариш аз идоракунии анъанавӣ ба идоракунии муосир, ки ба технология, ҳисобу китоб ва назорати дақиқ такя мекунад, ҳамчун зарурати воқеӣ матраҳ мегардад.
Дар паём нақши кишвар дар муҳити байналмилалӣ низ бо диди амалӣ баррасӣ шуд. Масъалаҳои марбут ба муҳити зист, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим танҳо ҳамчун мавзӯъҳои умумибашарӣ зикр намешаванд, балки ҳамчун самтҳое нишон дода шуданд, ки метавонанд ба рушди илм, ҷалби ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кунанд. Аммо, муҳим он аст, ки ин ташаббусҳо бо зарурати рушди иқтидори илмӣ ва таҳқиқотӣ пайваст карда мешаванд. Яъне, давлат дарк мекунад, ки бидуни такя ба илм ва дониш, ҳатто ташаббусҳои бузург ҳам наметавонанд натиҷаи дарозмуддат диҳанд.
Дар паём саноат ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муаррифӣ шуд ва ба зарурати коркарди амиқи ашёи хом, зиёд кардани маҳсулоти дорои арзиши иловашуда ва тақвияти содирот ишора гардид. Ҳамзамон, қайд гардид, ки давлат нақши бахши хусусиро ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисод эътироф мекунад. Аммо, ин эътироф бо талаботи мушаххас ҳамроҳ аст, чун фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти маъмурӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба захираҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ. Дар ин ҷо сухан дар бораи дастгирии рамзӣ намеравад, балки дар бораи ислоҳи низомҳое меравад, ки фаъолияти соҳибкориро ё сабук мекунанд ё, баръакс, маҳдуд месозанд.
Соҳаҳои иҷтимоӣ дар Паём ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи рушди устувор баррасӣ мешаванд. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир на ҳамчун хароҷоти изофӣ, балки ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа муаррифӣ мегарданд. Аммо дар ин ҷо низ таъкид ба самаранокӣ аст: истифодаи дурусти маблағҳо, ислоҳи низомҳои мавҷуда ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи муосир. Паёмро метавон ҳамчун санаде арзёбӣ кард, ки ҷомеаро ба марҳилаи нави тафаккур даъват мекунад.
Марҳилае, ки дар он рушди кишвар бо шумораи иншоот ё ҳаҷми маблағҳо чен намешавад, балки бо сифати идоракунӣ, самаранокии низомҳо ва сатҳи масъулияти ҳамаи иштирокчиёни раванд. Дар паём масъалаи иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои нав на ҳамчун тамоюли муваққатӣ, балки ҳамчун пояи рушди минбаъдаи давлат баррасӣ шуд. Ин равиш аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат дигар рақамикунониро танҳо воситаи осон кардани хизматрасониҳо намебинад, балки онро ҳамчун абзори тағйири фарҳанги идоракунӣ ва муносибати давлат бо ҷомеа қабул мекунад. Рақамикунонии равандҳо, агар дуруст амалӣ гардад, метавонад ба коҳиши таъсири омилҳои шахсӣ, болоравии шаффофият ва таҳкими масъулият мусоидат намояд. Ин ҷанба дар паём махсус таъкид гардид, зеро таҷрибаи амал нишон медиҳад, ки бисёре аз мушкилоти маъмурӣ маҳз аз набудани низоми дақиқи ҳисобу назорат ба вуҷуд меоянд.
Баҳодур РАҲИМЗОДА, мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ,
номзади илмҳои филологӣ