Раимҷонов Сами Ҳусейнович

мушовири раёсати таълим

Раимҷонов Сами Ҳусейнович 07 феврали соли 1965 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Маълумоти олӣ дорад. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ-ро бо ихтисоси технологияи мошинсозӣ, дастгоҳ ва олотҳои оҳанбурӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 1986 оғоз намудааст. Солҳои 1986–1990 дар вазифаи коменданти бинои таълимии №3-и Техникуми сохтмони шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
Солҳои 1990–1993 ҳамчун омӯзгори фанҳои «Ҷузъҳои мошин» ва «Мошинҳои сохтмонӣ» дар Техникуми сохтмони шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз соли 1993 то 2024 дар вазифаи муовини директор оид ба қисми маъмурию хоҷагидорӣи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» шаҳри Душанбе фаъолияти пурмасъулона анҷом додааст.

Аз 28 марти соли 2023 то ҳол дар вазифаи мушовири раёсати таълими Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» шаҳри Душанбе фаъолият менамояд.

Забони хориҷӣ — русиро медонад.Вазъи оилавӣ — оиладор.Суроғаи истиқомат: шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Наврӯз, хонаи 34.