Ташев Фирдавс Фархадович
Cардори офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик  М.Осимӣ.

Ташев Фирдавс Фархадович, 07-уми январи соли 1996 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ-барномасоз. Соли 2013 ба факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишкадаи молия ва иҷтисоди Тоҷикистон дохил шуда, соли 2018 донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси низоми технологияи итттилоотӣ дар иқтисодиёт бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 2017 то соли 2019 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тољикистон ба ҳайси мутахассиси таъмири компютер ва барномасозӣ фаъолияти меҳнатияшро оғоз намудааст. Аз моҳи майи соли 2019 хамчун сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик  М. Осимӣ фаъолият намуда, аз моҳи августи соли 2020 инҷониб дар вазифаи сардори офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик  М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, истодааст.

Суфиев Довудхуҷа Ҷаъмаевич Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

 Суфиев Довудхуҷа Ҷаъмаевич, 04 -уми сентябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ-барномасоз. Соли 2016 ба факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишкадаи молия ва иҷтисоди Тоҷикистон дохил шуда, соли 2020 донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси идоракунии технологияҳои итттилоотӣ дар иқтисодиёт хатм намудааст. Аз моҳи апрели соли 2020 инљониб дар вазифаи сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.

Қодирзода Саидмаҳди Саидмусаяби Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Қодирзода Саидмаҳди Саидмусаяби, 26-уми ноябри соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ихтисосаш таъмини неругоҳҳои барқӣ. Соли 2014 ба факултети Электртаъминкунии Филиали Институти миллӣ-тадқиқотии «МЭИ» (Институти энергетикии Москва) дар шаҳри Душанбе дохил шудда, соли  2018 институти мазкурро аз рӯи ихтисоси таъмини неругоҳҳои барқӣ  бо муваффақият  хатм намудааст. Аз моҳи августи соли 2020  то инҷониб дар вазифаи  сармутахассиси  офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, истодааст.

Ганиев Сомон Азимович
Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Ганиев Сомон Азимович, 8 -уми августи соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ-барномасоз. Соли 2017 ба факултети мухандисию иктисоди Коллечи техники ДТТ ба номи академик М.Осими дохил шуда, Коллечи мазкурро  соли 2020 бо ихтисоси иктисодчӣ хатм намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2017 инљониб ба ҳайси сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.

Назарова Нилуфар Рахмоналиевна Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Назарова Нилуфар Рахмоналиевна,  1-уми ноябри соли 2000 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ихтисосаш барномасоз соли 2020 коллељи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимиро аз рӯи ихтисоси барномасоз бо муваффақият  хатм намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2020  то инљониб дар вазифаи  мутахассиси  офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, истодааст.