Факултети муҳандисию иқтисодӣ яке аз факултетҳои коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба шумор рафта, тибқи қарори Шурои олимони коллеҷ ва фармоиши директори муассиса таҳти №65-I, аз 03.07.2017 дар заминаи собиқ факултети автомобилӣ таъсис ёфтааст. Факултет фаъолияти таълимии худро ба таври расмӣ аз 1-уми сентябри соли 2017 ба роҳ мондааст.

Садорати факултет аз аз шахсони зерин иборат аст:

Мисралиев Фахриддин Денбегиевич – декани факултет;

Сайидов Аюб- эдвайзери таълим;

Раҳимов Рустам – эдвайзери тарбия ва Салимова Шукрона
-танзимгари факултет.
Ҳамаи кормандони факултет дорои маълумоти олии касбӣ буда, дар асоси дастурамали вазифаи хизматии худ фаъолият менамоянд.

Инчунин факултет дорои ду кафедраи тахассуси ва як кафедраи умумиколлеҷи мебошад, кафедраи иқтисодиёт ва идора, молия ва ҳисобдорӣ ва кафедраи таърих ва ҳуқуқ.

Дар низоми муосири иқтисодии кишвар, яъне низоми иқтисоди бозоргонӣ шахаҳои молиявию қарзӣ, соҳибкориву тиҷоратӣ ва баҳисобгирию таҳлилии иқтисодӣ узвҳои асосии ин низом ба шумор мераванд. Қайд намудан ба маврид аст, ки ҷиҳати таъмини сохторҳои иқтисодии кишвар бо мутахассисони касбӣ ва пуртаҷриба, тамоми муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар кӯшиш менамоянд, ки вобаста ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт донишҷӯёнро тайёр намуда, дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун мутахассисони рақобатпазир пешниҳод намоянд.

Факултети муҳандисию иқтисодӣ яке аз сохторҳои воҳидии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, айни замон 540 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 215 нафарашон духтарон ва 325 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Дар сохтори факултет 2 кафедраи тахассусӣ: иқтисодиёт ва идора, молия ва ҳисобдорӣ ва кафедраи таърих ва ҳуқуқ дар асоси Низомномаи ягонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ амал менамоянд. Дар факултет 46 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд, ки аз онҳо як нафар профессор, 6 нафар номзади илм, дотсент, 9 нафар муаллими калон ва 30 нафарашон ассистент мебошанд.

Факултет дар зинаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, баъди хатми синфи 9 ва 11, аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисони касбиро барои хоҷагии халқи мамлакат тайёр менамоянд.

2-25013201 – автоматикунонии кори бонкӣ (баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)

2-27013127 – иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон ( баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)

2-250135 –Ҳисоби муҳосибӣ, ташхис ва назорат (баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)

2-40010133 – графикаи компютерӣ (баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)

2-25013201 –автоматикунонии кори бонкӣ ( баъди синфи 9, мӯҳлати таҳсил 4 сол)

2-27013127 – иқтичодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон ( баъди синфи 9, мӯҳлати таҳсил 4 сол)

2-40010133 –графикаи компютерӣ ( баъди синфи 9, мӯҳлати таҳсил 4 сол)

2-25013104- маблағгузорӣ ба комплексҳои агросаноатӣ ( баъди синфи 11, мӯҳлати 3 сол)

2-250132 – кори бонкӣ (баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)

2-250132 – кори бонкӣ (баъди синфи 9, мӯҳлати таҳсил 4 сол)

2-250133 – кори амалиёти хазинавӣ дар бонк ( баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)

2-250133 – кори амалиёти хазинавӣ дар бонк ( баъди синфи 9, мӯҳлати таҳсил 4 сол)

2-260231 – Ҳуҷҷатнигорӣ ва таъмини ҳуҷҷатҳои идора ( баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)

2 – 270131 05 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ

2-25011005 – Фаъолияти тиҷоратӣ дар корхонаҳои мошинсозӣ

2-250110 06 – Фаъолияти тиҷоратӣ дар нақлиёт ва коммуникатсия

2-250110 16 – Фаъолияти тиҷорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ

2-270131 04 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои мошинсозӣ

2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва саноати сабук

2-270131 13 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои энергетикӣ

Мисралиев Фахриддин Денбегиевич аз соли 2019 дар вазифаи декани факултети муҳандисию иқтисодӣ коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ кор мекунад.

Соли таваллуд 13 майи соли 1973

Ҷои таваллуд ноҳияи Ҳамадонӣ

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро хатм кардааст

Ихтисос Муҳандис-мелиоратор, «Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин»

Унвони илмӣ номзади илмҳои техникӣ.

Вазъи оилавӣ оиладор

+(992)-98-881-66-64

   misraliev73@.bk.ru

Кафедраи иқтисодиёт ва идора.

Кафедраи иқтисодиёт ва идора дар сохтори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз соли 1997 ташкил карда шудааст.

Фаъолияти кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар асоси талаботҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Оиннома»-и коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва «Низомнома»-и кафедра ба роҳ монда шудааст.

Мудири кафедра муаллими калони кафедра Ғуломесуфов Нусайрӣ Мамадэсупович ба зима дорад.

Кафедраи молия ва ҳисобдорӣ.

     Кафедраи молия ва ҳисобдорӣ соли 2018 дар базаи кафедраи  иқтисодиёт ва идора  ташкил карда шуда, бо фармони директории муассиса №97Д аз 15-05-2018 дотсенти   кафедраи иқтисодиёт ва идора Бобоев Ш.Н. мудири кафедраи молия ва ҳисобдорӣ таъин карда шуд.

Самти фаъолияти кафедра тайёр намудани мутахасисон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ аз он ҷумла молия, ҳисобдорӣ, бонкдорӣ, хазинадорӣ мебошад.

Дар кафедраи молия ва ҳисобдорӣ 13 нафар устодони штатӣ кор ва фаъолият мекунанд.

Кафедраи таърих ва ҳуқуқ

      Ихтисоси 2-25013201 – автоматикунонии кори бонкӣ, самти фаъолияти касбӣ бо тахассуси иқтисодчӣ барномасоз системаҳо ва шабакаҳо, системаи автоматикунонидашудаи коркарди маълумот  ва идоракунии бонкӣ, таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва системаҳои автоматикунонидашударо дар бар мегирад. Объекти фаъолияти касбӣ иқтисодчӣ – барномасоз ин системаҳо ва шабакаҳои бонкӣ, системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ, системаҳои автоматикунонидашудаи лоиҳакашӣ, инчунин таъминоти математикӣ, ахборӣ, техникӣ, барномавӣ, ташкилӣ ва таъминоти ҳуқуқии системаҳои номбаршуда мебошад.

       Ихтисоси 2-27013127 – иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон, самти фаъолияти касбӣ бо тахассусӣ иқтисодчӣ- соҳибкор, таъмин намудани  ҳуқуқҳои соҳибкорӣ, аз он ҷумла соҳибкорони хурду миёнаро дарбар мегирад. Объекти фаъолияти касбӣ иқтисодчӣ-соҳибкор, ин банақшагирии иқтисодӣ ташкили кори идоракунии соҳибкорӣ пешниҳод намудани лоиҳаҳои иқтисодӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ таҳлили молиявию иқтисодӣ,инчунин таъмини ҳуқуқҳои соҳибкории дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад.

        Ихтисоси 2-250135 –Ҳисоби муҳосибӣ, ташхис ва назорат, самти фаъолияти касбӣ бо тахассусӣ муҳосиб назоратчӣ яъне ба ҳисоб гирифтани тамоми амволи муассиса дар асоси нақшаҳои тасдиқнамудаи фаъолияти солона, инчунин дурустии ҳисоби муҳосибӣ дар асоси стандартҳои нави ҳисоботи молиявӣ ташхиси дурусти баҳисобгирӣ дар шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ бо таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ як  моҳа, семоҳа, нимсола ва соли ҳисоботӣ мебошад. Объекти фаъолияти касбӣ муҳосиб- назоратчӣ ин тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мебошад.

         Ихтисоси 2-25013104 –маблағгузорӣ ва комплексҳои агросаноатӣ, самти фаъолияти касбӣ бо тахассусӣ иқтисодчӣ дар комплекси агросаноатӣ мебошад. Объекти фаъолияти касбӣ, иқтисодчӣ, маблағгузорӣ ба комплекси агросаноатӣ, яъне соҳаи кишоварзӣ аз он ҷумла боғутокпарварӣ, пахтакорӣ, зироаткорӣ, пиллапарварӣ, асалпарварӣ мебошад.

        Ихтисоси 2-250132 – кори бонкӣ, самти фаъолияти касбӣ бо тахассусӣ иқтисодчӣ дар соҳаи бонкдорӣ. Дар соҳаи бонкдорӣ коркард маълумот ва идоракунии бонки мебошад.Объекти фаъолияти касбӣ иқтисодчӣ соҳаи бонкдорӣ мебошад.Фаъолияти бонкӣ яъне бонкдорӣ барои пешрафти фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагиии халқ саҳми арзанда дорад.

        Ихтисоси 2-250133 –кори амалиёти хазинави дар бонк, самти фаъолияти касбӣ бо тахассусӣ назоратчии шӯъбаи бонк дар ҳама намудҳои бонкдорӣ мебошад.Оюӯбъекти фаъолияти касбӣ таҳлили амалиётҳои хазинавӣ ва назорати он дар хазинаи бонк мебошад.Назорати гардиши воситаҳои пули дар хазинаи бонк ва шӯъбаҳои он мебошад.

        Ихтисоси 2-260231 – Ҳуҷҷатнигори ва таъмини ҳуҷҷатҳои идора, самти фаъолияти касбӣ котиб референт бо тахассуси референти муассисаро дар бар мегирад. Объекти фаъолияти касбӣ ҳуҷҷатнигори ва таъмини ҳуҷҷатҳои идора дар корхонаҳо мебошад сарфи аз кадом намуди фаъолиятҳо.

         2 – 270131 05 «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» –  Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-270131 05 «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хољагидории корхонаҳои нақлиётӣ, коркарди ҳуљљатҳои меъёрию- техникӣ, системаҳои стандартӣ, усулҳо, воситаҳои озмоишӣ ва санљиши сифати батартибдарории онҳо, усулҳо ва намудҳои фаъолият, самти тафтишот, интихоб намудани роҳи самаранокӣ  барои таъмини сифати маҳсулоти истеҳсолшударо дар бар мегирад. Намуди фаъолияти касбии 2-270131 05  ташкилӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ мебошад

          2 – 270131 27  «Иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон» – Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2 – 270131 27  «Иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон»  бо тахассуси техник- иқтисодчӣ барномасоз МЕҲ, системаҳо ва шабакаҳо, системаи автоматонидашудаи коркарди маълумот ва идора, системаҳои автоматонидашудаи лоиҳакашӣ, таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва системаҳои автоматонидашударо дар бар мегирад.  Объектҳои фаъолияти касби техник-барномасоз  ташкилӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ, ташкилӣ ва таъминоти ҳуқуқии соҳибкорӣ  мебошанд

         2-25011005 – «Фаъолияти тиљоратӣ дар  корхонаҳои  мошинсозӣ»  Самти фаъолияти касбии мутахассиси  2-25011005 – «Фаъолияти тиљорати дар  корхонаҳои  мошинсозӣ»  бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хољагидории корхонаҳои мошинсозӣ, таъминоти фаъолияти истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва тиљоратии корхонаҳо бо маблаѓҳои молиявӣ (пулӣ), муайян кардани роҳҳои самараноки сармоягузорӣ ва баҳо додан ба истифодабарии манфиатнокии сармоягузорӣ,  муайян кардани захираҳои дохилихољагии афзоиши фоида ва сатҳи фоиданокӣ  аз ҳисоби истифодаи сарфакоронаи воситахои пулӣ,  назорат аз болои вазъи молиявӣ ва фаъолияти тиљоратии корхона дар бар мегирад. Объектҳои фаъолияти касбии 2-           25011005 – «Фаъолияти тиљоратӣ дар  корхонаҳои  мошинсозӣ» тиљоратӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ мебошад

            2-25011006 – «Фаъолияти тиљоратӣ дар нақлиёт ва коммуникатсия» – Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-250110 06 – «Фаъолияти тиљоратӣ дар нақлиёт ва коммуникатсия»  бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хољагидории корхонаҳои нақлиётӣ, коркарди ҳуљљатҳои меъёрию- техникӣ, системаҳои стандартӣ, усулҳо, воситаҳои озмоишӣ ва санљиши сифати батартибдарории онҳо, усулҳо ва намудҳои фаъолият, самти тафтишот, интихоб намудани роҳи самаранокӣ  барои таъмини сифати хизматрасонро дар бар мегирад. Намуди фаъолияти касбии 2-250110 06  ташкили фаъолияти тиљоратии корхона, ҳамкорӣ бо корхонаҳои дигар, ташкилӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ мебошад

           2-250110 16 – Фаъолияти тиљорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ- Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-250110 16 – Фаъолияти тиљорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ  бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хољагидории корхонаҳои нақлиётӣ, интихоби шаклҳои ташкилии нисбатан самараноки корхонаҳои тиҷоратӣ ва воҳидҳои таркибии он, идоракунии ҷараёнҳои технологӣ, идоракунии ҷараёни хизматрасонӣ ба харидорон,  идоракунии кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ, идоракунии гардиши мол, идоракунии даромади корхонаҳои тиҷоратӣ, идоракунии хароҷоти муомилот ва идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар бар мегирад. Намуди фаъолияти касбии 2-250110 16 – Фаъолияти тиљорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ  дар вазорату идораҳое , ки  ба  корҳои сохтмону васлкунӣ, сармоягузорӣ сару кор  доранд, ташкил ва идоракунӣ дар  сохтмон,  мебошад.

          2-270131 04 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои  мошинсозӣ – Самти фаъолияти касбии мутахассиси  2-270131 04 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои  мошинсозӣ  бо тахассуси техник-иқтисодчӣ таҳлили фаъолияти молиявию хољагидории корхонаҳои мошинсозӣ, муайян кардани роҳҳои самараноки сармоягузорӣ ва баҳо додан ба истифодабарии манфиатнокии сармоягузорӣ,  муайян кардани захираҳои дохилихољагии афзоиши фоида ва сатҳи фоиданокӣ  аз ҳисоби истифодаи сарфакоронаи воситахои пулӣ ва   назорат аз болои вазъи молиявӣ дар бар мегирад. Объектҳои фаъолияти касбии 2-270131 04 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои  мошинсозӣ  дар вазорату идораҳое , ки  ба  корҳои хизматрасонӣ ва мошинсозӣ сару кор  доранд, ташкил ва идоракунӣ дар  сохтмон,  мебошад.

           2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо  ва саноати сабукСамти фаъолияти касбии мутахассиси  2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо  ва саноати сабук бо тахассуси техник-иқтисодчӣ роҳбарикунандаи раванди иқтисодӣ, истеҳсолот ва рушди иҷтимоии ҳамаи соҳаҳои мушаххаси соҳавӣ бо назардошти шаклҳои ташкили ҳуқуқӣ, техника, технология, ташкили истеҳсолот, истифодаи самараноки он дар вазифаи ишѓолшуда, ки маълумоти миёнаи касбии иқтисодиро талаб мекунад. Хатмкунандагон аз рӯи ихтисоси  2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо  ва саноати сабук  ба сифати мутахассис оид ба корҳои ташкилӣ, мутахассиси шуъбаи ташкили истеҳсолот, мутахассиси шуъбаи нақшавӣ-иктисодӣ, мутахассиси шуъбаи лоиҳакашӣ-инвеститсионӣ дар корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ва дигар корхонаи тиҷорати фаъолият бурда метавонанд.

        2-270131 13 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои  энергетикӣ – Самти фаъолияти касбии мутахассиси  2-270131 13 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои  энергетикӣ бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, ки ченкунӣ, коркард ва пешниҳод намудани ахборот оид ба сарфкунии қувваи барқ  дар субъекти муайяни хољагидорӣ, ахбороти фаъолияти хољагидорӣ  бо роҳи қайдкунии нишондиҳандаҳо барои истифодабарии минбаъдаи қувваи барқ,  идоракунии ҷараёни хизматрасонӣ ба муштариён,  идоракунии идоракунии даромади корхонаҳои энергетикӣ, идоракунии хароҷоти муомилот ва идоракунии фоидаи корхонаҳои энергетикӣ дар бар мегирад.