Дар асоси мактуби Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри душанбе дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ вохурии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ноболиғону ҷавонони коллеҷ оид ба ҳолатҳои риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ меҳмонон: Ҳасанзода Некрӯз Меҳроҷиддин – ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе; Кароматуллозода Ҳокимшо – сардори шуъбаи пешгирӣ ва огоҳонии байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шҳари Душанбе, капитани милитсия; Собирзода Самандар – муовини сардори шуъбаи мазкур, майори милитсия, инчунин муовинони директор, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ иштирок доштанд.
Саравал муовини директор оид ба илм ва иноватсия, н.и.т., дотсент – Азимов Холиқназар меҳмононро ба ҳозирин муарифӣ намуда, баъдан оди нагаравидани ҷавонон ба гуруҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуд. Азимов Х. дар баромади худ қайд намуд, ки яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризм ва Экстремизми байналмилалӣ мебошад. Воқеан ҳам ин вожаҳо вожаҳои даҳшатнок, ноором сохтани ҷомеа, дар дили мардум тарсу ҳарос, куштору қатл ва дигар нобасомиҳоро пеши назар меорад. Нафаре шомили ин гуруҳ мешавад аллакай аз муҳити инсонгари баромада, танҳо мақсаду ҳадафаш ноором сохтани ватан мебошад. Ин падида (тероризм ва экстремизм) дар замони муосир ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Хушунатҳои экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Пурра собит шудааст, ки ҳадафи аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.
Сипас, Ҳасанзода Некрӯз Меҳроҷиддин – ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуда ба ҳолатҳои риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” суханронӣ намуд. Ҳасанзода Н.М. қайд кард, ки Озодии виҷдон ба маънои субъективӣ ин имкониятҳо, ҳуқуқҳо, даъвоҳои мушаххасе мебошад, ки дар асос ва дар доираи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ба вуҷуд меоянд, яъне инҳо ваколатҳои мушаххаси субъектҳое мебошанд, ки аз таваллуд ба онҳо тааллуқ доранд ва ба андозаи муайян вобастаанд, аз рӯи ирода ва шуури онҳо, махсусан дар раванди истифодабарӣ.
Ҳуқуқи субъективӣ ба озодии виҷдон – меъёри рафтори имконпазири (иҷозати) шаҳрванд дар доираи низоми зикршуда (шахс – дин – иттиҳодияи динӣ – давлат), ки асосҳои ҳуқуқии озодии шахсияти муайян менамояд, мебошад». Моҳияти бисёрҷанбаи озодии виҷдон пешакӣ муайян мекунад, ки вай объекти тадқиқоти илмҳои гуногуни ҷамъиятшиносӣ мебошад. Пас, вақте, ки мо дар бораи озодии виҷдон ба маънои ахлоқӣ сухан меронем, мо пеш аз ҳама озодии инсонро дар соҳаи муносибатҳои ахлоқӣ, имконияти амал кардан аз рӯи амри виҷдон, бе вайрон кардани меъёрҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқиро дар назар дорем. Муносибат ба дин дар ҷомеаи муосир ҳарчанд муҳим аст, аммо танҳо як паҳлӯи ин мушкилот аст. Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ озодии виҷдон, арзиши маънавӣ, неъмати муҳими иҷтимоӣ мебошад, ки ҷомеа дар натиҷаи рушди таърихӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ин маврид он ҳамчун як ниҳоди иҷтимоӣ, як навъи рафтори инсон дар соҳаи муносибатҳои идеологӣ ва динӣ баррасӣ мешавад. Дар истилоҳоти сиёсатшиносӣ, татбиқи озодии виҷдон яке аз ҷанбаҳои демократия мебошад. Мазмуни ҷамъиятию сиёсии онро хусусияти сохти ҷамъиятӣ, характери ҳокимияти давлатӣ, режими сиёсӣ, дараҷаи тараққиёти илм ва фарҳанг, мавқеи дин дар ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҷамъият, анъанаҳои таърихӣ муайян мекунад. ки дар ин ё он мамлакат мавҷуданд. Аз лиҳози фалсафӣ озодии виҷдон ҳамчун категорияи фалсафӣ ва ахлоқӣ имкони амал кардани ҳар як шахс мувофиқи андешаҳои худ дар бораи одилонаву ноадолатӣ, некиву бадӣ, ҳуқуқи мардум дар бораи ҷаҳон ба тарзи фикрронӣ дониста мешавад, аз ҷумла бо мавқеъҳои дин, инчунин мувофиқи ақидаҳои худ дар бораи ҷахон амал кунанд.
Дар охир муовини директор оид ба таълим Одинаев Раҳмоналӣ ба сухан баромада оид ба Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуда иброз кард, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Барои ҳалли ин мушкилӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ дар байни ҷавонон аҳамияти калон дорад. Вақте ҷавонон дониш ва ҷаҳонбинии дуруст доранд, онҳо ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ дода намешаванд.
Нақши оила дар тарбияи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро маҳз дар муҳити оилавӣ асосҳои ахлоқӣ ва инсонӣ ташаккул меёбанд. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимӣ бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ низ ба дур мондани онҳо аз гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва мубориза бо иттилооти бардурӯғ аҳамияти калон дорад. Агар ҷомеа, давлат ва оила якҷоя амал кунанд, метавон ҷавононро аз хатари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошт ва ояндаи солиму амни ҷомеаро таъмин намуд.
Categories: Хабарҳо








