Омӯзгорони гиромӣ ва донишҷӯёни азиз!
Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шумоёнро ва дар симои Шумоён тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба Шумо бурдборӣ, тансиҳатӣ, сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «… таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд».
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, он ба як Артиши бо ҷузъу томҳои муосир мукаммал табдил дода шуд.
Сарбозону афсарони далери шуҷои Артиши миллӣ дар рӯзҳои барои Ватану миллат вазнин корнамоиву қаҳрамониҳо нишон дода, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, тамомияти арзӣ, амну суббот ва тинҷиву оромии Ватани маҳбубамонро ҳифз намуда, аз имтиҳону озмоишҳои тақдир сарбаландона ва бошарафона гузаштаанд.
Итминони комил дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонию дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзу бум ва хоки муқаддаси кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳимоя хоҳанд кард.
Бори дигар ин санаи фараҳбахшро ба Шумо муборакбод гуфта, бароятон бахту саодат, иқболу обрӯ, рӯҳу ҷисми болида таманно менамоям. Бигзор дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ, хандаи кудакон, табассуми модарон, боварии мардум ба ояндаи дурахшон ва суруди сулҳу осоиш танинандоз бошад.
Ҷашни Артиши миллӣ муборак бошад!
Бо эҳтиром директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Низомзода Зокирҷон Мукарам