Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва дигар халқҳои эронитабор ба ҳисоб рафта, аз боарзиштарин унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддии ин халқҳо мебошанд. Ин ҷашнҳо дар худ назару диди ниёгон, робитаи инсон бо табиат ва арзишҳои ахлоқию иҷтимоии ҷомеаро инъикос намуда, дорои таърихи чандинҳазорсола мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи муаррифии байналмилалии ин ҷашнҳо аҳамият махсус пайдо намуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди ин Ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла, ҷашни Сада саҳми назарраси худро гузоштаанд. Бо ба даст омадани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати фарҳангиро ба эҳёи арзишҳои миллӣ равона намуд, ки дар ин замина ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дубора ба ҳаёти фарҳангии ҷомеаи кишвар ворид гардидаанд ва ҳамчун ҷашнҳои миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда мешаванд.
Дар паёмҳои расмӣ ва суханрониҳои Сарвари давлат таъкид мегардад, ки Сада ҷашни меҳнат, табиат ва пайванди инсон бо муҳити зист мебошад.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми эронитабор буда, решаҳои он ба таммадуни куҳани ориёиҳо мерасад. Ин ҷашн, ки рамзи нур, гармӣ, заҳмат ва умед ба оянда мебошад, дар тули асрҳо ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги маънавии мардум ҳифз гардида ва дар замони истиқлолият бештар аҳамият пайдо намудааст. Гарчанде дар замони шӯравӣ ин ҷашн махсусияти худро гум кардаву ҷаззобияташро аз даст дода бошад ҳам, ба туфайли ба даст омадани истиқлолият аз нав эҳё ва боиси хушҳолии мардуми тоҷик гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият бо ташаббусҳои фарҳангии худбарои эътирофи байналмилалии ҷашнҳои миллӣ, чун Наврӯзу Сада ва Меҳргону Тиргон саҳми арзанда гузоштааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷашнҳои бостонӣ нишонаи асолату ҳувияти миллӣ ва мероси умумибашарӣ мебошад. Воқеан, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтаанд, баёнгари ақидаҳои инсондӯстона ва бузургдошти табиату муҳит, анъанаҳои давлатдории аҷдодони мо, ки дар таърихи башарият нақши боризу мондагор бозидаанд, асоси ҳувияту худшиносии мо – тоҷикон мебошанд.
Дар шароити имрӯза таҷлили Ҷашни Сада бо мазмун ва шаклҳои нав эҳё гардида, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои адабию театрӣ ва ҳамоишҳои илмӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин раванд ҳам ба ҳифзи суннатҳои миллӣ, ҳам бо тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
Махсусан, эҳёи Ҷашни Сада дар даврони истиқлолияти кишвар дорои аҳамияти баланди иҷтимоӣ ва тарбиявӣ мебошад. Ин ҷашн инсониятро ба қадршиносӣ нисбат ба табиат, нисбат ба заҳмати инсон ва ҳифзи меросӣ ҳидоят мекунад. Инчунин, ин ҷашн ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва пайванди наслҳо хизмат менамояд.
Сада тибқи анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ба давраи миёнаи зимистон рост омада, ба рӯзи панҷоҳуми пас аз шаби Ялдо (дар тақвими қадим) баробар мешавад, яъне то Наврӯз ҳанӯз сад рӯз боқӣ мемонад, бо афрӯхтани оташ, гиромидошти нерӯи гармӣ ва баргузории маросимҳои мардумӣ таҷлил мегардид. Оташ дар фарҳанги ниёгон рамзи покӣ, рӯшноӣ, гармӣ, ва зиндагонӣ буда, мардум бо ин васила, пирӯзии гармиро бар сармо ва нурро бар торикӣ таҷассум менамудаанд. Ёдоварии Ҷашни Сада дар осори классикон, бахусус, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, гувоҳи мақоми баланди ин ҷашн дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик мебошад.
Калимаи Сада аз шумораи 100 баромада, ҳамасола, дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Умуман, эҳёи Ҷашни Сада дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи сиёсати фарҳангдӯстонаи давлату миллат ва эҳтиром ба таърихи куҳани ниёгон мебошад. Ҷашни Сада имрӯз на танҳо ҷашни суннатӣ, балки рамзи худшиносӣ, вањҳати миллӣ ва идомаи анъанаҳои неки аҷдодӣ ба шумор меравад. Ҳифз ва тарғиби чунин ҷашнҳо барои пойдории фарҳанги миллӣ ва рушди маънавии насли ҷавон аҳамияти муҳим дорад. Бо ташаббуси Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Меҳргон ва Сада расман дар рӯзҳои муайян таҷлил мегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик гаштааст.
Азимов Холиқназар, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи МДТ Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент