Санаи 28.03.2026 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҳти унвони “Наврӯз – таҷассумгари фарҳанги миллӣ” ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии мазкур Сафарзода Ҳамза, директори коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, Амруллозода Сино, директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, аҳли раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хонандагони коллеҷи техникӣ фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал, директори коллеҷ Низомзода Зокирҷон Мукарам ба сухан баромада ҳамагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз аз эҳёи табиат, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, баробаршавии шабу рӯз, оғози кори деҳқон ва ҳазорҳо амали неки дигар дарак дода, ҳамагонро ба покию меҳнатқаринӣ, ки баракати рӯзгор аст, даъват менамояд.
Қайд карда шуд, ки воқеан, таҷлили ҷашни Наврӯз шаҳодат аз он аст, ки дар диёри куҳанбунёд ва сарзамини таърихиву ҳосилхези тоҷикон Наврӯз омад.
Наврӯз аз бузургтарин, зеботарин ва муқаддастарин ҷашни миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз миллати куҳанбунёду таърихӣ ва соҳибтамаддуну фарҳангсолор будани тоҷикон башорат медиҳад. Ин ҷашни бошукӯҳ таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҳамчун мероси бою пурғановат аз ниёгон бароямон мерос мондааст.
Бо ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон байналмилалӣ гардид.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои таърихӣ мебошад. Он нақши муҳимро дар таҳкими сулҳу субот мегузорад. Анъана ва расму оинҳои он дар худ фарҳанг ва анъанаҳои тамаддуни Шарқу Ғарбро инъикос менамояд.
Пас аз баромади роҳбари муассиса меҳмонону аҳли раёсати коллеҷ аз оростани дастурхони Наврӯзии садорати факултетҳо дидан намуданд. Дар чорабинӣ ҳамаи факултетҳои коллеҷ, дастархони идонаи “ Ҳафт син”-у “Ҳафт шин” ороста, омад-омади баҳори нозанинро мужда доданд.
Сипас, чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дастаи фарҳангии Коллеҷ бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод намуд.
Дар ҷамъбаст ба як қатор омӯзгорони соҳибтаҷриба, донишҷӯёни аълохону фаъол аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир раёсати коллеҷ барои ташкили ин чорабинии бошукӯҳ ба тамоми дастандаркорон миннатдории коллективи устодон, кормандон ва донишҷӯёнро расонид.











