Санаи 20.02.2026 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ – фарҳангӣ, бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳомиёни ватан” бо иштироки меҳмонон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ветеранҳои ҷанги Афғонистон: полковник – Одинаев Нураҳмад , полковник – Шарифов Асомиддин, сержант – Азизов Сангинмурод Ҳафизович, Алиев Мансур Ашурович, Кабиров Ҳакимҷон Зайниддинович, раиси комиссияи тафтишотии ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур, сержант – Боев Алиҷон Сулаймонович, Ҷалолов Қобилҷон раиси ташкилоти ибтидоии Чернобилчиёни ноҳияи Шоҳмансур ва омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд. Чорабиниро директори коллеҷ, муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суббот 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят таҷлил гирифта мешавад. Сипас, ветерани ҷанги Афғонистон полковник – Шарифов Асомиддин ба сухан баромада, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 33-юмин солгарди «Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда дар ҷодаи таҳсили таълимгирандагон комёбиҳои беназирро таманно намуда, аз таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва ҳизматҳои софдилонаи ветеранҳои ҷанги Афғонистон хабардор кард. Қайд карда шуд, ки дар вақтҳои хизмат ба Қувваҳои муссалаҳ дохил шудани онҳо чунон ҳисси меҳанпарастӣ дар авҷи аъло қарор мегирифт, ки онҳо бо як завқи инсондӯстӣ дар Афғонистон хизмати софдилона намудаанд, ки кори осон нест. Дар фарҷом, тибқи сенарияи чорабинӣ ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши фарҳангӣ бо пешниҳоди шеъру суруд ва таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.