Дар шароити муосири рушди ҷаҳонӣ, ки бо густариши ҳамгироии иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмӣ тавсиф меёбад, масъалаи таҳкими робитаҳои хориҷӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд ҳамчун кишвари фаъол ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои минтақа, бахусус бо Ҷумҳурии Узбекистон, сиёсати мутавозин ва дурбинонаи ҳамкориҳоро пеш мебарад. Ин раванд махсусан дар солҳои охир, дар заминаи густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни ду давлат, марҳилаи нави рушдро касб намудааст.
Дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки онҳо самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодиро фаро мегиранд. Ин санадҳо, пеш аз ҳама, ба таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ равона гардида, заминаи ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҳамкориҳои минбаъдаро тақвият медиҳанд.
Имзои Изҳороти муштараки сарони ду давлат дар бораи таҳкими муносибатҳои стратегӣ нишондиҳандаи равшани иродаи сиёсӣ ва омодагии тарафҳо барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошад. Дар баробари ин, барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ ва барномаҳои ҳамкории саноатӣ, ки аз ҷониби Сарвазирони ду кишвар ба имзо расиданд, аҳамияти махсус дошта, ба рушди иқтисодии минтақа такони ҷиддӣ мебахшанд.
Яке аз самтҳои муҳимтарини ин ҳамкориҳо соҳаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад. Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Узбекистон далели равшани таваҷҷуҳи тарафҳо ба рушди ин соҳа мебошад. Ин санад имконият фароҳам меорад, ки муассисаҳои таълимии ҳар ду кишвар, аз ҷумла коллеҷҳои техникӣ, дар самти табодули таҷриба, таҳияи барномаҳои муштарак ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ҳамкории зич ба роҳ монанд.
Аҳамияти чунин ҳамкориҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамоянд. Дар шароите, ки иқтисодиёт ба дониш ва технология асос ёфтааст, омодасозии мутахассисони рақобатпазир бе истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ғайриимкон мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ метавонанд ҳамчун заминаи муҳим барои рушди кадрҳои баландихтисос хизмат намоянд.
Илова бар ин, имзои як қатор санадҳо дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, саноат, технология ва инноватсия, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои ду кишвар хусусияти фарогир дошта, тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, нақшаҳои чорабиниҳо ва харитаҳои роҳ, ки барои солҳои 2026-2028 пешбинӣ шудаанд, ба рушди устувори ҳамкориҳо ва татбиқи амалии созишномаҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва инноватсия, аз ҷумла байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон, аҳамияти хос дошта, ба рушди иқтидори илмии ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд. Ин раванд имкон медиҳад, ки дастовардҳои илмӣ ба низоми таълим ворид гардида, сифати омодасозии мутахассисон баланд бардошта шавад. Барои коллеҷҳои техникӣ чунин ҳамкориҳо имконияти мусоид фароҳам меоранд, то ки донишҷӯён бо технологияҳои муосир ва навгониҳои илмӣ шинос гарданд.
Дар баробари ин, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ки дар доираи форумҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла дар шаҳри Ҷиззах баргузор гардиданд, ба густариши соҳаҳои истеҳсолӣ, нассоҷӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Ин раванд, дар навбати худ, талабот ба мутахассисони соҳавиро зиёд намуда, муассисаҳои таҳсилоти касбиро водор месозад, ки барномаҳои таълимии худро мутобиқ намоянд ва сифати омодасозии кадрҳоро баланд бардоранд.
Қайд кардан муҳим аст, ки ҳамкориҳои ду кишвар на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳо низ мусоидат менамоянд. Имзои созишномаҳо дар соҳаҳои молия, тандурустӣ, нақлиёт, хизматрасонии давлатӣ ва технологияҳои рақамӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба сатҳи нави сифатӣ баромадаанд.
Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва нишасти матбуотии сарони ду давлат, зарурати истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ таъкид гардид. Аз ҷумла, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар метавонад аллакай то соли 2028 ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонида шавад. Ин нишондиҳанда далели равшани дурнамои мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.
Метавон гуфт, ки имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон марҳилаи навро дар рушди муносибатҳои дуҷониба оғоз намуда, заминаи устувор барои густариши ҳамкориҳои минбаъда фароҳам овардааст. Дар ин раванд, соҳаи таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла фаъолияти коллеҷҳои техникӣ, мавқеи махсус дошта, метавонад ҳамчун яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баромад намояд. Робитаҳои хориҷӣ дар чунин шароит на танҳо воситаи ҳамкорӣ, балки омили муҳими рушди стратегӣ ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар ташаккули кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир ниҳоят бузург мебошад.
Сафарзода ПАРВИЗ Маҳмадалӣ, сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ