Бо ташаббуси директори коллеҷи техникӣ мӯҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам дар дараи зебоманзари Ромит, кормандони коллеҷ барои сабзу хуррам гардонидан ва тозаю озода нигоҳ доштани атрофи фароғатгоҳи муассисаи таълимӣ ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ, кабутизоркунӣ ва тозагиро дар муассисаи таълимӣ вусъат бахшидан бо мақсади, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ миёни кормандон амалӣ гардид. Иштирокчиён дар як фазои ҳамбастагӣ ва меҳнатдӯстӣ ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинониданд, ки дар оянда ба ободии табиати зебои ин минтақа мусоидат хоҳад кард. Иқдоми мазкур на танҳо як амали хайру саҳмгузорӣ дар ободии табиат буда, балки арзиши меҳнати дастаҷамъона ва масъулиятшиносии экологиро дар ҷомеа мустаҳкамтар менамояд. Коллеҷи техникӣ минбаъд низ чунин иқдомҳоро идома дода, барои ҳифзи табиат ва сабз нигоҳ доштани муҳити зист саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт. Бо табиат дӯст бошем – онро барои наслҳои оянда ҳифз кунем!