ҲАКИМОВ ЗОИРҶОН РУЗИБОЕВИЧ
Муовини директор оид ба
робитаҳои хориҷӣ

 

Ҳакимов Зоирҷон Рузибоевич25-уми феврали соли 1973 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст.

Соли 2000  Донишкадаи андоз  ва хуқуқи Тоҷикистонро  бо ихтисоси иқтисодчӣ-мененҷер хатм кардааст.

Ҳакимов З.Р.соли 2007 бо ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Дар суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи С.Шерозӣ, хонаи 394, хуҷраи 18 истиқомат намуда истодааст.

Аз моҳи январи соли 2021 ба вазифаи муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.

 

 

 

 

Робитаҳои хориҷии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

Маъмурияти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар самти ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ фаъол мебошад. Ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ барои тақвият башидан ба такмили ихтисоси омӯзгорон, пурзӯр намудани ҳолати моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ, сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар, ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим, дарёфти маблағҳои грантӣ аз сарчашмаи хориҷӣ нигаронида шудааст.

Барои инкишоф додани фаъолияти коллеҷ, барқарорсозии муносибатҳои шарикӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ, дарёфти грантҳо ва ҷалби инвесторҳои хориҷӣ, ҷалб намудани донишҷўёни хориҷии дуру наздик барои таҳсил, фиристодани донишҷўён ва омўзгорон бо мақсади таҷрибаивазкунӣ зарурияти ташкил намудани шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар сохтори коллеҷ ба миён омадааст. Шуъбаи робитаҳои хориҷии коллеҷ воҳиди сохтории нав дар сохтори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мебошад. Фаъолияти худро шуъбаи мазкур аз 5 октябри соли 2015 оғоз  намудааст. Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар асоси ҷадвали воҳидҳои кории  коллеҷи  техникӣ  аз 2 корманд иборат аст, яъне муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ ва мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ  мебошанд.

Дар давоми фаъолияти кутоҳ шуъбаи робитаҳои хориҷӣ низомномаи шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва дастурамали вазифавии кормандони шуъбаи робитаҳои хориҷиро  таҳия  ва тасдиқ намудааст. Баҳри ҷалб намудани донишҷўёни хориҷӣ барои таҳсил дар коллеҷи техникӣ нақша- чорабинӣ тартиб дода шуда, барои амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида шудааст.Барномаи дурнамои инкишоф барои солҳои 2015-2019 ва 2020-2025 барои ҷалби инвесторҳои хориҷӣ, барқарорсозии муносибатҳои шарикӣ бо муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, фиристонидани донишҷўён ва омўзгорон ба хориҷи кишвар бо мақсади таҷрибаивазкунӣ таҳия карда шудааст.

Созишномахо баӣни донишгоху коллечҳои хориҷӣ кишвар ва ширкатҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар.

  • Донишгоњи Давлатии ш. Братск, вилояти Иркутск Федератсияи Росия, 08.04.2016.
  • «Донишгоњи иннаватсионии гуманитарӣ-хуқуқии Қазоқистон» , 18.07.2018.
  • Муассисаи вилоятии давлатии буҷавии таълимӣ-касбии «Коллеҷи политехникии Рязан»,Федератсияи Росия, 18.07.2018
  • Донишгоҳи давлатии техникии Омски Федератсияи Россия (Омский Госсударственный технический университет), 18.05.2021
  • Донишгоҳи давлатии Комсомолск на Амуре Федератсияи Россия вилояти Хабарвск, 24.05.2021.
  • Муассисаи Давлатии таълимии касбии “ Коллеҷи политехникии Сибир” – и вилояти Кемерова Федератсияи Россия, 28.01.2022.
  • “Барномаи инкишофи Созмони Миллалӣ Муттаҳид”.
  • ширкати Erasmus+.
  • Ҳамкории ОЛМОН ширкати GIZ
  • Ҳамкорӣ бо ҶДММ “ Авесто гурўҳ”.
  • Муассисаи Давлатии таълимии касбии «Коллеҷи сохтмонии Дон», вилояти Ростови Федератсияи Россия, 22.06.2022.
  • Ҳамкорӣ бо ширкати ООО “БалтСтройИнжиринг” Санкт-Петербурги Федератсияи Россия.
  • Муассисаи Давлатии таълимии касбии «Техникуми технологӣ, молия ва хукук »-и шањри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, 17.10.2022.
  • Созишнома оиди ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии таълимии касбии «Техникуми нақлиёти рохи оҳан ва сохтмон»-и шањри Батайски вилояти Ростови Федератсияи Россия,17.11.2022
  • Созишнома оиди ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии худмухтори таълимии касбии вилояти Свердсовскии шањри Екатеринбурги Федератсияи Россия «Коллеҷи Давлатии урал ба номи И.И. Ползунова», 26.04.2023.
  • Созишнома оид ба ҳамкорӣ  бо ширкати ҶДММ фабрикаи Қаннодии “АМИРИ”, 07.11.2023.
  • Муассисаи Давлатии буҷавии таълимии касбии «Донишгоҳи Давлатии хоҷагии ҷангал ва мухандисии ба номи С.М. Киров»-и шахри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия.
  • Муассисаи Давлатии буҷавии таълимии касбии «Донишгоҳи Давлатии сохтмони тадқиқоти Миллии Москва»-и шањри Москва Федератсияи Россия.
  • Созишнома оиди ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии таълимии касбии «Техникуми иттилооти технологӣ ва радиотехника»-и шахри Батайски вилояти Ростови Федератсияи Россия,16.02.2024
  • Коллеҷи сохтмонию техникии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, 01.2025
  • Коллеҷи Академияи байналмилалии тиҷоратии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, 16.01.2025.
  • Созишнома бо техникуми автомобилӣ-роҳсозии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 19.10.2024.
  • Созишнома байни коллеҷу Марказҳои таълимии Ҷумҳурии Халқии Чин  (санаи 28.04.2025)  аз қабили:

1) Коллеҷи техникии касбии Баодин;

2) Коллеҷи касбии Ҷижун;

3) Мактаби муҳандисии илм ва техникаи музофоти Ҳэбэй;

4) Маркази таълими касбии шаҳри Баодин,

Созишномањои зикргардида айни замон амалї гардидаистода, дар самти густариши  равобити илмї, сиёсї ва  фарњангии њардуљониб наќши муњим мебозад.