Дар давраи муосир, ракамикунонӣ муҳаррикҳои асосии рушди молия ва қарз мебошад. Барномаҳои мобилӣ, хизматрасониҳои онлайнӣ ва FinTech муҳити молиявиро тағйир дода, хизматрасониҳоро зуд, дастрас ва бехатар гардониданд. Бонкҳо тавассути мобилӣ, веб-портал ва банкоматҳо хизмат мекунанд, мизоҷон метавонанд маблағ интиқол диҳанд, қарз гиранд ва ҳисоб кушоянд. Ширкатҳои FinTech хизматрасониҳоро бе миёнаравӣ ва бо хароҷоти кам пешниҳод мекунанд, мисолҳо: PayPal, Revolut, Alipay ва Bitcoin. Афзалиятҳо: дастрасӣ ба қарз, суръат ва кам кардани хароҷот; хатарҳо: киберҳамлаҳо ва норасоии саводи рақамӣ. Дар Тоҷикистон барномаҳои монанди “Корти миллӣ”, Amonat Mobile ва Alif Mobi пайдо шудаанд, POS – терминалҳо зиёд шудаанд, аммо бисёре аз муомилаҳо нақдӣанд ва деҳот дастрасӣ ба интернети баландсуръат надоранд. Барои рушди рақамикунонӣ лозим аст инфрасохтор ва интернети босуръат афзоиш ёбад, саводи молиявӣ ва рақамӣ баланд бардошта шавад, FinTech ва стартапҳо ҳавасманд гарданд, қонунгузорӣ равшан ва амният таъмин шавад ва ҳамкорӣ бо кишварҳои муваффақ дар рақамикунонӣ роҳандозӣ гардад.
Агар ин қадамҳо амалӣ шаванд, Тоҷикистон метавонад хизматрасониҳои молиявиро бе навбат ва ҳуҷҷатҳои зиёд таъмин кунад, дастрасии осон ба қарз ва пасандозро дар деҳот фароҳам оварад, фасод ва пардохтҳои пинҳониро коҳиш диҳад ва дар рақамикунонӣ пешсаф гардад, зеро FinTech молияро дастрас ва содда мекунад ва барои кишвар имкониятҳои калон фароҳам меорад.
Назирова Бибимарям, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 2-250132 – кори бонкии факултети муҳандисию иқтисодии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ