Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ қайд карданд, мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Бояд қайд кард, ки шиори «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» барои насли ҷавон аҳамияти махсус дорад. Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд ин арзишҳоро роҳнамои зиндагии худ қарор диҳанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳои гуногун ба зеҳни ҷавонон таъсир мерасонанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ аҳамияти аввалиндараҷаро пайдо мекунад.
Паёми Пешвои миллат ҷавонро ба ватандустӣ, худшиносӣ ва пайравӣ аз суннатҳои неки ниёгон даъват менамояд. Ин даъват идомаи мантиқии ҳамон фалсафаи қадимист, ки инсон бояд бо гуфтор, пиндор ва рафтори нек зиндагӣ кунад.
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзи Тоҷикистони азиз бо роҳбарии Пешвои миллат пайваста кӯшиш менамоянд, ки сулҳу субботи доимӣ дар Ватани азизи мо пойдору ҷовидон бошад.
Дар маҷмуъ, гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек на танҳо шиори ахлоқӣ, балки ҳастии миллати тоҷик мебошад.Вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки ин гуфтаҳоро бо кору пайкори худ исбот намуда, барои пешравии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Раджабов АБДУСАЛИМ, муаллими калони кафедраи нақлиёт ва технологияи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ