Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 16-уми декабри соли 2025 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки таҳлили муфассали муққарароти асосси он ва арзёбии нақши онҳо дар таъмини рушди иқтисодӣ муҳим мебошад. Паёми навбати Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ хориҷии мамлакатро дар бар гирифта рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлёт, амнияту мудофиа, рушди илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони кишварро дар бар мегирад. Ҳаминро бояд зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми хеш ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои иқтисодёт, иҷтимоиёт, илму маърифат, фарҳанг, дастуру пешниҳодҳои назаррас намуданд. Паём ба ояндаи мо баҳри пешрафти тамоми соҳаҳо ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Инчунин Президенти кишвар дар самти иқтисоди рақамӣ қайд намуданд, ки барои вусъат бахшидан ба равандҳои иноватсионӣ мо бояд истифодаи ҳамаҷонибаи техналогияи рақамӣ дар иқтисодиётро ба роҳ монем.
Дар натиҷаи хизматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд шудааст, иқтисоди миллии мамлакат ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо зиёда аз 670 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар баробари хуб шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ нишондиҳандаҳои дарозумрии аҳолӣ аз 70 сол то ба 77 сол расидааст. Дар ҳамин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 – фоиз кам шуда, даромади пулии аҳолӣ низ дар 10 соли охир 6 – баробар афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарҷашмаҳои даромад дар соли 2025 нисбат ба соли 2021- ум 65 фоиз зиёд гардидааст. Дар соли 2025 ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025 – ум 22 фоизро – ро ташкил дод.
Соли 2027 – ум агрегати сеюми нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ба кор дароварда мешавад, ки истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад. То имрӯз қариб 60 – фоизи корҳои сохтмони нерӯгоҳ ба анҷом расонида шудаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки талабот ба нерӯи барқ дар дохили мамлакат рӯз аз рӯз бо сабаби бунёд гардидани соҳаҳои гуногуни саноат ва зиёдшавии аҳолӣ зиёд шуда истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар давоми ду соли охир бо ҷалби сармояи мустақим дар ҷумҳурӣ якчанд нерӯгоҳи барқи офтобиро бо иқтидори 1500 мегаватт сохта ба истифода диҳад.
Соли 2025-ум зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ сарф карда шуда, 236 км роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиётӣ мутобиқ ба талаботи байналмиллалӣ бунёд карда шуда, ба истифода дода шудааст. Ҳоло сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ва 3 пули мошингузар оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Пайём рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар бар мегирад. Аз ҷумла фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, густариши омӯзиши касбу ҳунар, рушди иқтидори меҳнатӣ, коҳиши сатҳи бекорӣ ва пурра бо кор таъмин намудани ҷавонон мебошад. Сиёсати пешгирифтаи мамлакат зери роҳбарии пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири имрӯзу ояндаи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мебошад.
Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳманоест дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ, рушди устувори самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар. Мо таи солҳои охир ба истифодабарии техника ва технологияи нав, ки ин талаби давру замон мебошад, ноил гардидем. Мо дар моҳи сентябри соли 2026-ум ҷашни бошукӯҳи 35- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегирем. Президенти кишвар пайваста дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат буда, бо тартибу интизоми намунавӣ ва дониши хубу аъло таҳсил намуда барои ободии ватани худ саҳмгузор бошанд. Ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар дур аз таасубу хуруфот, ватандусту ватанпарвар сарчашма мегирад.
Ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо аз ватандустию ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлолият дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тарақиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми худро мегузоранд.
Ҳамаи пайёмҳо мардумро ба ҳамбастагӣ, меҳнатдустӣ, масъулиятшиносӣ ва муттаҳидӣ дар ободию меҳнати аҳлона даъват месозанд. Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгарӣ мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошад.
Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки мо пирону ҷавонони мамлакатро зарур аст, ҳамаи пайёмҳои аз ҷониби Президенти кишвар пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шударо сармашқи кори худ намуда баҳри гул-гул шукуфии Тоҷикистони азизамон софдилона хизмат намоем.
Бобоев Шавқатулло Насруллоевич, н.и.и, дотсенти кафедраи молия ва ҳисобдории Колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ