Санаи 16-уми декабри соли 2025 Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид ва дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд, бо шавқу завқ тамошо кардам. Чун омӯзгор, ки фарзандонамро бо нони ин пеша калон кардаам, ин санаи таърихиро бесаброна интизорӣ мекашидам.
Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои рушди устувори давлату ҷомеа, бахусус соҳаи маориф, таҳсилоти касбӣ, фарҳанг ва чун дастуре барои бонувони тоҷик аҳамияти бузург дорад. Ҳар як ҳарфи Паём пур аз ҳикмат ва пур панди рӯзгор буд.
Ҳамчун омӯзгор ҳис мекунам, ки Паёми Президенти кишвар, пеш аз ҳама, масъулияти омӯзгоронро дар тарбияи насли наврас ва ҷавон боз ҳам бештар мегардонад. Дар Паём таъкид гардид, ки маориф пояи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, сармоягузорӣ ба соҳаи илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи халқу миллат мебошад. Шахсан ман ин нуқтаро барои худ чун дастури роҳнамо қабул кардам ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш истифода мебарам. Кӯшиш мекунам, ки бо донишҳои муосир, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ шогирдонамро тарбия намоям.
Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо омӯзгоронро хеле ҳам хурсанд намуд. Як нуқтаро бояд қайд намоям, ки агар аз якуми сентябри соли 2026 маоши дигарон 20 фоиз зиёд шавад, маоши омӯзгор 25 фоиз афзун мегардад. Маълум мешавад, ки Пешвои миллат ба омӯзгор эҳтироми баланд доранд.
Дар Паёми имсола низ сарвари муътабари мо ишора намуданд, ки мо худро бо фарҳанги бегона фиреб надиҳем ва занону духтарони тоҷик аз ба бар кардани либоси сиёҳ ва хурофотпарастӣ даст кашанд. Хосатан, барои ман чун омӯзгор ва шахси эҷодкор ин нуқта басо писанд омад. Ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ насиҳатҳои падари омӯзгорам, ки моро дар рӯҳия озодагӣ тарбия менамуд, пеши назарам омаданд. Дар ҳақиқат, ҳис мешавад, ки Пешвои муаззами миллат беҳтарин омӯзгоранд.
Дар Паёми навбатӣ низ масъалаи рушди захираҳои инсонӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва мақоми омӯзгор, инчунин такмили низоми таълиму тарбия дар ҷойи аввал меистод. Дар Паём Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки бо истифодаи технологияҳои муосири таълим, такмили малакаи касбии омӯзгорон ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи замон бояд мувофиқ бошад. Дастурҳо ва фармудаҳои сарвари мамлакат моро водор менамоянд, ки пайваста донишҳои худро такмил диҳем ва усулҳои нави омӯзишро дар ҷараёни таълим пайваста ҷорӣ намоем.
Дар Паём ба масъалаи тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва муқовимат бо падидаҳои номатлуби ҷомеа назари хосе роҳандозӣ гардид. Қайд намуданд, ки 5500-солагии Саразмро ман исбот накардаам, балки олимони ҷаҳонӣ исбот карданд. 1150-солагии Робияи Балхӣ боиси ифтихори мост. Ман ҳамчун омӯзгор ҳис мекунам, ки дар ин раванд мо нақши калидӣ дорем, зеро маҳз муассисаи таълимӣ муҳити асосии ташаккули шахсияти хонанда ба ҳисоб меравад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи мо омӯзгорон дастури муҳим ва барномаи кор мебошад. Шахсан ин Паём маро водор мекунад, ки масъулияти бештареро ба дӯш гирам ва бо меҳнати содиқонаи хеш шогирдонамро дар рӯҳия худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоям.