Соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ дар шароити рушди ҷомеаи муосир ҳамчун пояи асосии ташаккули неруи зеҳнӣ ва захираи инсонӣ баромад намуда, сатҳи пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлатро муайян месозад, зеро маҳз дар ҳамин раванд ҷаҳонбинӣ, тарзи фикрронӣ ва қобилияти таҳлилӣ дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, онро ҳамчун омили калидии пешрафти давлат арзёбӣ менамоянд. Дар паёмҳо ва суханрониҳои худ Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи кишвар бевосита ба сатҳи дониш, маърифат ва тафаккури илмии ҷавонон вобастагӣ дорад. Дар шароите ки ҷаҳони муосир бо суръати баланд рушд мекунад ва технологияҳои нав пайваста вориди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мегарданд, зарурати омӯзиши илмҳои дақиқ ва муосир бештар эҳсос мешавад. Пешвои миллат борҳо зикр намудаанд, ки бе илму инноватсия, технологияҳои пешрафта ва ташаккули тафаккури техникӣ ноил шудан ба рушди устувори кишвар ғайриимкон мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, таваҷҷуҳ ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидааст. Маҳз ҳамин фанҳо дар ташаккули тафаккури мантиқӣ, таҳлилӣ ва техникии ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозанд. Агар дар давраи таҳсил чунин тафаккур шакл нагирад, ҷавон дар оянда наметавонад ба талаботи бозори меҳнат ва рушди иқтисодӣ ҷавобгӯ бошад. Бинобар ин, давлат мекӯшад тавассути роҳандозии ташаббусҳои амалӣ шавқу рағбати наврасону ҷавононро ба илмомӯзӣ бештар намояд. Яке аз чунин ташаббусҳои муҳими давлатӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад, ки ҳамчун василаи ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ҷиддии илм хизмат мекунад.
Дар идомаи ҳамин сиёсати маорифпарварона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои милови, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиши фанҳои дақиқро махсус таъкид намуда, солҳои 2020–2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намуданд, ки ин иқдом барои низоми маориф марҳилаи сифатан нав ба ҳисоб меравад. Зеро ҳадафи он на танҳо такмили мундариҷаи таълим, балки ташаккули тарзи нави фикрронӣ дар зеҳни хонандагон мебошад. Дар ҳамин замина, озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамчун яке аз роҳҳои амалисозии ин ҳадафи стратегӣ роҳандозӣ гардидааст. Иштирок дар озмуни мазкур ҷавононро водор месозад, ки ба дониш бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва омӯзишро ҳамчун раванди ҷиддӣ қабул кунанд. Дар ҷараёни омодагӣ ба озмун хонанда бештар мехонад, таҳлил мекунад, масъалаҳоро муқоиса намуда, фикри худро бо далелҳои илмӣ асоснок месозад. Ин раванд дар зеҳни ӯ тафаккури илмиро ташаккул медиҳад, ки дар оянда барои интихоби дурусти касб ва фаъолияти меҳнатӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Ҷавон тадриҷан дарк мекунад, ки фанҳои дақиқ метавонанд роҳи зиндагии ӯро муайян созанд ва имкониятҳои воқеӣ барои пешрафт фароҳам оваранд. Бо ҳамин роҳ, робитаи илм ва зиндагӣ барои ҷавонон равшан ва фаҳмо мегардад. Дар шароити татбиқи чунин сиёсати маорифпарварона, озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамчун як майдони воқеии санҷиш ва рушд барои ҷавонон аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро он на танҳо сатҳи дониши назариявиро месанҷад, балки қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва татбиқи амалии донишро низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Иштирок дар ин озмун аз ҷавонон тақозо менамояд, ки ба омӯзиш бо муносибати ҷиддӣ ва масъулиятнок рӯ оваранд, зеро барои ба даст овардани натиҷаи назаррас танҳо донистани маводи дарсӣ кофӣ нест. Дар раванди омодагӣ иштирокчиён маҷбур мешаванд, ки бо сарчашмаҳои гуногуни илмӣ кор кунанд, масъалаҳоро муқоиса намоянд, сабабу натиҷаи равандҳоро таҳлил карда, фикри худро дар асоси далелҳои илмӣ баён созанд. Ҳамин тарзи фаъолият дар зеҳни ҷавонон тафаккури илмиро ташаккул медиҳад, ки он аз ёдгирии механикӣ фарқ дошта, ба фаҳмиши амиқ ва мустақили масъалаҳо асос меёбад. Бо чунин равиш ҷавонон тадриҷан мефаҳманд, ки илм маҷмӯи қоидаҳои ҷудогона нест, балки низоми мукаммали дониш мебошад, ки қонунмандона рушд мекунад. Ин дарк барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ бисёр муҳим аст, зеро маҳз ҷаҳонбинии илмӣ инсонро қодир месозад, ки воқеиятро дуруст арзёбӣ намояд. Дар натиҷа, иштирокчиёни озмун ба илм ҳамчун воситаи фаҳмиши олам ва ҳалли мушкилоти воқеӣ муносибат мекунанд. Ин муносибат дар зиндагии минбаъдаи онҳо низ нақши муайянкунанда мебозад. Зеро шахсе, ки фикр кардан ва таҳлил намуданро омӯхтааст, метавонад дар ҳама соҳа фаъол бошад. Бо ҳамин роҳ, озмун ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта мусоидат менамояд.
Яке аз паҳлуҳои муҳими озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар он ифода меёбад, ки он таваҷҷуҳи ҷавононро ба фанҳое равона месозад, ки барои рушди иқтисодӣ ва саноатии кишвар аҳамияти ҳалкунанда доранд. Фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ асоси пешрафти техника, технология ва истеҳсолоти муосир ба шумор мераванд ва бе рушди онҳо ноил шудан ба рақобатпазирии иқтисодӣ ғайриимкон мебошад. Ҷавононе, ки дар доираи озмун ба омӯзиши амиқи чунин фанҳо машғул мешаванд, тадриҷан дарк мекунанд, ки дониши илмӣ метавонад ба фаъолияти касбӣ ва манфиати иҷтимоӣ табдил ёбад. Ин дарк муносибати онҳоро ба таҳсил тағйир дода, онҳоро ба интихоби бошууронаи ихтисос ҳидоят мекунад. Бисёр иштирокчиёни озмун маҳз дар ҳамин раванд ба касбҳои муҳандисӣ, техникӣ ва илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин интихоби касбӣ тасодуфӣ нест, балки натиҷаи таҷрибаи шахсӣ ва дарки аҳамияти фанҳои дақиқ мебошад. Бо ҳамин роҳ, озмун миёни маори, таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнат робитаи воқеӣ ба вуҷуд меорад. Ҷомеа бошад, тадриҷан соҳиби мутахассисоне мегардад, ки на танҳо соҳиби диплом, балки дорои донишу малакаи воқеӣ мебошанд. Ин раванд барои рушди устувори кишвар аҳамияти калон дорад. Зеро иқтисоди муосир ба кадрҳои соҳибтафаккур ниёз дорад. Озмун дар омода намудани чунин кадрҳо саҳми назаррас мегузорад.
Дар раванди баргузории озмун нақши омӯзгорон ҳамчун неруи роҳнамо ва дастгиркунанда низ бештар эҳсос мегардад, зеро маҳз онҳо метавонанд ҷавонро ба роҳи дурусти илмомӯзӣ ҳидоят намоянд. Омӯзгорон бо таҷриба ва дониши худ ба иштирокчиён ёрӣ мерасонанд, то онҳо тавонанд қобилиятҳои худро дуруст истифода баранд. Муносибати омӯзгор ва хонанда дар ҷараёни омодагӣ шакли ҳамкории фикриро мегирад, ки барои рушди ҳар ду ҷониб мусоидат менамояд. Омӯзгор маҷбур мешавад, ки усулҳои нави таълимро истифода барад ва дониши худро такмил диҳад. Хонанда бошад, дар чунин муҳит озодона фикр мекунад ва аз пешниҳод намудани андешаи нав ҳарос надорад. Ин фазо барои ташаккули эҷодкорӣ ва мустақилият бисёр муҳим аст. Бо иштироки фаъолонаи омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ низ ба такмили муҳити таълимӣ рӯ меоранд. Озмоишгоҳҳо фаъолтар истифода мешаванд ва омӯзиш бештар хусусияти амалгароёна мегирад. Ҳамин тавр, таъсири озмун танҳо бо сатҳи иштирокчиён маҳдуд намешавад, балки ба низоми маориф дар маҷмӯъ таъсир мерасонад. Ин таъсир тадриҷӣ, вале пойдор мебошад. Дар натиҷа, сифати таълим баланд мегардад ва фарҳанги илмомӯзӣ устувор мешавад. Дар шароити имрӯза, ки рушди давлатҳо пеш аз ҳама ба сатҳи донишу тафаккури илмии шаҳрвандон вобаста гардидааст, аҳамияти чунин озмунҳо ҳамчун «Илм – фурӯғи маърифат» боз ҳам бештар эҳсос мешавад, зеро онҳо имконият медиҳанд, ки илмомӯзӣ аз доираи сухан ва ният берун баромада, ба раванди воқеии ташаккули шахсият табдил ёбад. Ҷавононе, ки дар муҳити чунин озмунҳо ба камол мерасанд, ба зиндагӣ бо назари таҳлилӣ ва масъулиятнок муносибат мекунанд ва дарк менамоянд, ки ҳар пешрафт натиҷаи дониш, меҳнат ва сабр мебошад. Дар зеҳни онҳо илм ҳамчун арзиши воқеӣ ҷой мегирад, на ҳамчун фанни муваққатӣ ё воситаи гирифтани ҳуҷҷати таҳсилот. Ин муносибат тадриҷан ба тарзи зиндагии онҳо таъсир мерасонад ва онҳоро ба роҳи худтакмилдиҳӣ ҳидоят мекунад. Ҳамин гуна ҷавонон метавонанд дар оянда на танҳо мутахассисони хуб, балки шахсиятҳои фаъол ва ташаббускор бошанд, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми воқеӣ мегузоранд. Зеро инсонҳое, ки бо тафаккури илмӣ ба воя расидаанд, қодир мебошанд мушкилотро бо роҳи мантиқӣ ҳал намоянд ва аз роҳҳои осон, вале бесамар канораҷӯӣ кунанд. Ин сифатҳо барои рушди устувори кишвар аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Дар ҳамин раванд, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» на танҳо як чорабинии даврӣ, балки як ҷузъи муҳими сиёсати маърифатии давлат ба ҳисоб меравад, ки ба таҳкими заминаи зеҳнии ҷомеа равона шудааст. Ин озмун ба ҷавонон нишон медиҳад, ки илм метавонад роҳи зиндагӣ, касб ва хизмат ба Ватан бошад. Онҳо мефаҳманд, ки дониш танҳо барои худ нест, балки барои манфиати умумӣ низ хизмат мекунад. Ҳамин фаҳмиш дар онҳо ҳисси масъулиятро нисбат ба ояндаи кишвар бедор менамояд. Ҷавоне, ки худро соҳибдониш ва қобили андешаи илмӣ эҳсос мекунад, ба ҷомеа бетараф буда наметавонад. Ӯ мекӯшад бо роҳи дониш саҳм гузорад. Бо ҳамин роҳ, захираи зеҳнии кишвар тадриҷан ташаккул меёбад ва қавӣ мегардад. Ин раванд якбора натиҷа намедиҳад, вале таъсири он дар дарозмуддат амиқ ва пойдор мебошад. Метавон гуфт, ки аҳамияти озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар он ифода меёбад, ки он илмро ба маркази таваҷҷуҳи ҷавонон меорад ва онҳоро ба роҳи дурусти фикрронӣ ҳидоят мекунад. Озмуни мазкур замина фароҳам месозад, то насли ҷавон бо ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури техникӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба камол расад. Маҳз чунин насл метавонад дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир мавқеи давлати худро ҳифз намуда, ба рушди устувори Тоҷикистон саҳм гузорад. Илм дар ин раванд ҳамчун чароғи роҳнамо хизмат мекунад, ки самти ҳаракатро равшан месозад. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамин чароғро дар дасти ҷавонон мегузорад ва онҳоро ба роҳи пешрафт раҳнамоӣ менамояд.
Азимов Холиқназар, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ