Дар даҳсолаҳои охир рушди устувори ҷомеа ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлатҳо беш аз ҳар вақти дигар ба сатҳи маориф, иқтидори зеҳнии шаҳрвандон ва сифати тайёр намудани кадрҳои соҳибкасб вобаста гардидааст, зеро маҳз дониш, илм, фарҳанги маърифатӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ метавонанд пояи асосии рушди дарозмуддат ва устувори давлатро таъмин намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин воқеият рушди соҳаи маориф ва таҳсилоти касбиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои таҳкими пояҳои илмӣ, фарҳангӣ ва касбии ҷомеа тадбирҳои пайгирона ва ҳадафмандро роҳандозӣ кардааст.
Дар чунин шароит таҳсилоти касбӣ ва маориф танҳо воситаи интиқоли дониш набуда, балки омили ташаккули тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии техникӣ, суханварӣ, худшиносии миллӣ ва омода намудани шахсияти фаъол, соҳибмаърифат, ихтироъкору навовар ва масъулиятшинос ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар фазои устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шуд, ки барои рушди илму маориф, таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти касбӣ заминаи мусоид муҳайё сохт. Маҳз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат имкон дод, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирад ва ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ пайваст карда шавад.
Қабули стратегияҳо, барномаҳо ва амру супоришҳои давлатӣ, аз ҷумла эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, гувоҳи равшани таваҷҷуҳи махсуси давлат ба рушди тафаккури илмӣ, касбӣ ва техникии ҷомеа мебошад.
Дар амал татбиқ намудани чунин сиёсати фарогир механизмҳои муассир ва самаранокро тақозо менамояд, ки яке аз онҳо ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Озмунҳо ҳамчун воситаи амалӣ намудани сиёсати давлатӣ имконият медиҳанд, ки истеъдодҳои наврасону ҷавонон ошкор, рушд дода ва ҳамаҷониба ҳавасманд гарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ҳадафи асосии онҳо дарёфти чеҳраҳои болаёқат, донишманд, сухандону суханпарвар, ихтироъкору навовар ва тарбияи шахсияти соҳибмаърифат мебошад. Аз ҷумла, озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон – ойинаи таърих», «Шоҳномахонӣ», «Ихтироъкор ва навовар» ва дигар озмунҳои соҳавӣ дар рушди таҳсилоти касбӣ ва маориф нақши муҳим мебозанд.
Ҳар яке аз ин озмунҳо ба рушди як ҷанбаи муайяни шахсияти ҷавонон равона шуда, ҳам илм, ҳам фарҳанг, ҳам суханварӣ ва ҳам тафаккури техникиро фаро мегирад. Озмунҳои илмӣ ва фаннӣ ҷавононро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуда, тафаккури илмӣ, қобилияти таҳлил ва ҳалли масъалаҳоро ташаккул медиҳанд. Дар раванди омодагӣ ба чунин озмунҳо хонандагон ва донишҷӯён бо манбаъҳои гуногуни илмӣ кор карда, малакаҳои таҳқиқотӣ, муқоисавӣ ва хулосабарориро инкишоф медиҳанд, ки ин раванд барои рушди иқтисоди донишбунёд аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар баробари ин, озмунҳои фарҳангӣ ва адабӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон – ойинаи таърих» ва махсусан «Шоҳномахонӣ», дар ташаккули суханварӣ, забондонӣ, тафаккури бадеӣ ва худшиносии миллӣ нақши муассир доранд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» наврасону ҷавононро ба мутолиа ва дарки амиқи осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷалб намуда, қобилияти қироат, баёни равон ва сухандонии онҳоро рушд медиҳад. Ин озмун чеҳраҳои сухандону суханпарвари ҷавонро ошкор намуда, онҳоро ба ҷомеа муаррифӣ мекунад ва ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва фарҳанги миллӣро дар ниҳоди ҷавонон тақвият мебахшад. Бо ин васила пайванди наслҳо ҳифз гардида, суннатҳои фарҳангӣ идома меёбанд ва арзишҳои маънавӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ ва маориф ҷойгоҳи устувор пайдо мекунанд.
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ низ нақши калидӣ мебозанд. Муассисаҳои таҳсилоти касбӣ тавассути чунин озмунҳо метавонанд донишҷӯёни болаёқат, соҳибистеъдод ва навоварро ошкор намоянд. Озмуни «Ихтироъкор ва навовар» ҷавононро ба фаъолияти таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва татбиқи донишҳои техникӣ ҳавасманд месозанд.
Ин раванд робитаи таҳсилоти касбиро бо истеҳсолот ва бозори меҳнат таҳким бахшида, мутахассисони ҷавонро бо малакаҳои амалӣ, тафаккури истеҳсолӣ ва масъулияти касбӣ таъмин менамояд. Дар шароити рақамикунонии таҳсилот, иштирок дар озмунҳо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои рақамӣ ва платформаҳои электрониро тақозо намуда, сатҳи саводнокии рақамии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгоронро баланд мебардорад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи таҳсилоти касибӣ ва маориф ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи иштирокчиён ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад, ки дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла мукофотҳои пулӣ, дипломҳо, ифтихорномаҳо, туҳфаҳои арзишманд, имтиёзҳои таҳсил, дастгирии иҷтимоӣ ва маънавӣ амалӣ мегардад. Чунин сиёсати ҳавасмандгардонӣ шавқу рағбати ҷавононро ба илм, суханварӣ, ихтироъкорӣ ва касбомӯзӣ ба таври назаррас афзоиш дода, муҳити солими рақобат ва пешрафти пайвастаро таъмин мекунад.
Ҳамзамон, нуфузи омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ дар ҷомеа боло рафта, сифати умумии таҳсилот беҳтар мегардад. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз абзорҳои муассиртарини рушди илму маориф, таҳсилоти касбӣ ва фарҳанги миллӣ табдил ёфтаанд ва онҳо барои дарёфти чеҳраҳои сухандону суханпарвар, олимон, ихтироъкорон ва навоварон заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Дар идомаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамчун воситаи муассири ҳамгироии илм, фарҳанг, суханварӣ ва фаъолияти касбӣ баромад намуда, ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфтаи ҷавонон мусоидат менамоянд. Иштирок дар чунин озмунҳо на танҳо сатҳи донишро муайян мекунад, балки ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ намуда, онҳоро ба масъулиятшиносӣ, интизом ва меҳнатдӯстӣ ҳидоят месозад.
Дар раванди омодагӣ ба озмунҳо наврасону донишҷӯён меомӯзанд, ки вақтро дуруст тақсим намоянд, бо манбаъҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ кор баранд ва натиҷаҳои фаъолияти худро ба таври возеҳу далелнок муаррифӣ намоянд. Ин малакаҳо барои фаъолияти минбаъдаи таҳсилӣ ва касбӣ аҳамияти бузург доранд. Озмунҳо инчунин ба рушди қобилияти кор дар муҳити рақобат мусоидат мекунанд, ки ин омил дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақобати касбӣ ниҳоят муҳим аст.
Дар низоми маорифи муосир нақши омӯзгорон дар омодасозии иштирокчиёни озмунҳо махсусан муҳим мебошад, зеро маҳз омӯзгорон ҳамчун роҳнамо, машваратчӣ ва тарбиятгари насли наврас фаъолият менамоянд. Омӯзгорон тавассути омодасозии хонандагон ва донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ дониши худро такмил дода, усулҳои нави таълим ва технологияҳои муосири омӯзиширо дар амал татбиқ мекунанд. Ин раванд ба болоравии сатҳи касбияти омӯзгорон мусоидат менамояд.
Муваффақияти шогирдон дар озмунҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, озмунҳо ба болоравии нуфузи касби омӯзгорӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, омӯзгорон эҳсос мекунанд, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби давлат ва ҷомеа қадрдонӣ мегардад. Ин омил онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок ҳавасманд месозад.
Дар шароити рушди босуръати технология ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ, таҳсилоти касбӣ нақши калидӣ мебозад, зеро маҳз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мутахассисонеро тайёр менамоянд, ки метавонанд донишҳои худро дар истеҳсолот ва соҳаҳои амалии иқтисод татбиқ намоянд. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ имконияти санҷиши сатҳи омодагии касбӣ ва рушди малакаҳои амалиро фароҳам меоранд.
Иштирок дар чунин озмунҳо донишҷӯёнро водор месозад, ки ба омӯзиши амиқи фанҳои касбӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва татбиқи технологияҳои нав диққати махсус диҳанд. Ин раванд робитаи таҳсилоти касбиро бо талаботи воқеии бозори меҳнат таҳким мебахшад. Хатмкунандагон ҳамчун мутахассисони рақобатпазир ва омода ба фаъолияти касбӣ ба ҷомеа ворид мегарданд. Ин ҳолат барои рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ инчунин дар рушди фарҳанги инноватсионӣ ва тафаккури ихтироъкорӣ нақши муассир доранд. Озмунҳои марбут ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷавононро ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои илмӣ ва техникии мавҷуда ҳавасманд менамоянд. Иштирокчиён меомӯзанд, ки чӣ гуна ғояҳои худро ба лоиҳаҳои амалӣ табдил диҳанд ва онҳоро ба ҷомеа пешниҳод намоянд. Ин раванд ба ташаккули қобилияти эҷодӣ ва тафаккури стратегӣ мусоидат мекунад. Озмунҳо инчунин ба рушди стартапҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ замина фароҳам меоранд, дар натиҷа, ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва истеҳсолӣ ҷалб мегарданд.
Нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди забон ва фарҳанги миллӣ низ хеле муҳим мебошад. Забон ҳамчун воситаи асосии тафаккур ва муошират дар ташаккули шахсияти инсон мақоми хос дорад. Озмунҳои адабӣ ва фарҳангӣ ҷавононро ба омӯзиши амиқи забони модарӣ, истифодаи дурусти он ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ҳидоят мекунанд.
Дар раванди иштирок дар озмунҳо ҷавонон меомӯзанд, ки фикрҳои худро ба таври равшан, мантиқӣ ва таъсирбахш баён намоянд. Ин малакаҳо на танҳо барои фаъолияти илмӣ, балки барои ҳаёти иҷтимоӣ ва касбӣ низ аҳамияти калон доранд. Озмунҳо чеҳраҳои сухандону суханпарварро ошкор намуда, онҳоро ҳамчун намунаи ибрат ба ҷомеа муаррифӣ мекунанд. Дар натиҷа, фарҳанги суханварӣ дар ҷомеа рушд меёбад. Ин раванд барои таҳкими ҳувияти миллӣ аҳамияти калон дорад.
Дар низоми таҳсилоти касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамчун воситаи муайян намудани сатҳи омодагии касбӣ ва эҷодии донишҷӯён хизмат мекунанд. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ тавассути чунин озмунҳо имконият пайдо мекунанд, ки малакаҳои амалии худро дар шароити рақобат нишон диҳанд.
Ин раванд ба онҳо кӯмак мекунад, ки камбудиҳо ва нуқсонҳои омодагии худро сари вақт муайян намуда, барои ислоҳи онҳо чораҷӯӣ намоянд. Озмунҳо донишҷӯёнро ба истифодаи технологияҳои муосир ва таҷҳизоти нав ҳавасманд мекунанд. Дар натиҷа, сатҳи омодагии касбии онҳо боло меравад. Ин раванд робитаи таҳсилоти касбиро бо истеҳсолот таҳким мебахшад. Барои иқтисоди миллӣ чунин робита аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муҳити рақамӣ, нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ташаккули саводнокии рақамии ҷавонон боз ҳам муҳимтар мегардад. Иштирокчиёни озмунҳо маҷбур мешаванд, ки аз воситаҳои рақамӣ, барномаҳои компютерӣ ва захираҳои интернетӣ истифода намоянд. Ин раванд ба рушди малакаҳои кор бо иттилоот, таҳлили маълумот ва истифодаи технологияҳои нав мусоидат мекунад.
Омӯзгорон низ дар ин раванд таҷрибаи худро ғанӣ мегардонанд. Дар натиҷа, низоми маориф ба талаботи асри рақамӣ мутобиқ мегардад. Ин раванд барои рушди ҷомеаи муосир аҳамияти калон дорад. Таҷрибаи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки онҳо метавонанд ҳамчун яке аз абзорҳои муассири сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ хизмат намоянд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин озмунҳо ба низоми муназзам ва ҳадафманд табдил ёфтаанд. Онҳо барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди тафаккури илмӣ, фарҳангӣ ва касбӣ, инчунин ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш ва эҷод шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар натиҷа, ҷомеа ба нерӯи то зеҳнии қавӣ соҳиб мегардад. Ин раванд барои пешрафти устувор ва ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.
НИЗОМЗОДА Зокирҷон Мукарам,
директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ