Қодирзода Саидмаҳди Саидмусаяби сардори маркази
бақайдгирӣ,машваратӣ ва тестии коллеҷи техникии ДТТ ба
номи академик  М. Осимӣ

Қодирзода Саидмаҳди Саидмусаяби, 26-уми ноябри соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ихтисосаш таъмини неругоҳҳои барқӣ. Соли 2014 ба факултети Электртаъминкунии Филиали Институти миллӣ-тадқиқотии «МЭИ» (Институти энергетикии Москва) дар шаҳри Душанбе дохил шудда, соли  2018 институти мазкурро аз рӯи ихтисоси таъмини неругоҳҳои барқӣ  бо муваффақият  хатм намудааст. Аз моҳи августи соли 2020  то инҷониб дар вазифаи  сармутахассиси  офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, аз моҳи ноябри соли 2025 инҷониб дар вазифаи сардори офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик  М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, истодааст.


Сафарзода Алиҷон Аваз

Сармутахассиси офиси бақайдгирии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Сафарзода Алиҷон Аваз, 29-уми майи соли 1998 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ихтисосаш география – хариташиносӣ. Соли 2016 ба факултети Географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе дохил шудда, соли 2021 донишгоҳи мазкурро бо муваффақият хатм намудааст. Аз моҳи августи соли 2021 то соли 2024 ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ, аз соли 2024 то соли 2025 мудири бахши таҷрибаомӯзӣ фаъолият намуда. Аз соли 2025 то инҷониб дар вазифаи сармутахассиси маркази бақайдгирӣ, машваратӣ ва тестии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кор ва фаъолият намуда, истодааст.