«Эҳтирому гиромидошти занону модарон нишонаи фарҳанги баланд ва инсондӯстии ҷомеа мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Модар барои ҳар як инсон азизтарин ва муқаддастарин шахс дар ҷаҳон мебошад. Ӯ касест, ки бо меҳру муҳаббати беандоза фарзанди худро ба дунё меорад, парвариш мекунад ва барои ояндаи нек тарбия менамояд. Ҳеҷ кас мисли модар ба фарзанд ғамхорӣ намекунад ва барои хушбахтии ӯ чунин фидокорӣ нишон намедиҳад. Меҳру муҳаббати модар поку самимӣ буда, тамоми зиндагии фарзандро равшан месозад.
Аз рӯзҳои аввалини ҳаёт модар ҳамеша дар паҳлӯи фарзанд қарор дорад. Ӯ моро роҳ рафтан, сухан гуфтан ва дӯст доштани зиндагиро меомӯзад. Бо меҳрубонӣ, сабр ва муҳаббати бепоёни худ модар ба фарзанд роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Ҳатто вақте ки мо ба камол мерасем, маслиҳат, дастгирӣ ва дуои неки модар барои мо неруи бузург мебахшад.
Дар ҷомеаи мо эҳтирому гиромидошти модар мақоми баланд дорад. Мардум модарро ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, сабр, покдилӣ ва фидокорӣ мешиносанд. Бисёр шахсиятҳои бузурги таърих маҳз бо тарбияи неки модар ба камол расидаанд. Аз ин рӯ мегӯянд, ки ояндаи ҷомеа аз домони модар оғоз меёбад.
Рӯзи Модар фурсати хубест, то мо ба модарони азизамон эҳтирому миннатдории худро баён намоем. Аммо қадршиносии модар набояд танҳо ба як рӯз маҳдуд гардад. Фарзанд бояд ҳамеша ба модар эҳтиром гузорад, сухани ӯро гӯш кунад, ба ӯ кӯмак расонад ва қадри заҳмату ранҷи ӯро донад.
Вақте ки мо калимаи муқаддаси «модар»-ро ба забон меорем, пеш аз ҳама шахсе ба хотир меояд, ки барои ҳар инсон азизу арҷманд аст. Модар арзишмандтарин мавҷуди рӯи замин, сароғози ҳастии насли башар ва сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат мебошад. Ӯ дар тамоми пастиву баландиҳои зиндагӣ ҳамеша пуштибону ғамхори фарзанд аст ва бо меҳру муҳаббати худ зиндагиро идома мебахшад. Агар нури Офтоб ҷаҳонро равшан кунад, пас Зан-Модар бо меҳру муҳаббат ва шафқати хеш хонадони моро гармию нур мебахшад.
Бесабаб нест, ки устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар «Модарнома»-и худ мақоми модарро хеле баланд ситоиш намудааст:
Як дами ҷон костани модарон,
Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шӯълавари модарон,
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
Як сухани бонамаки модарон,
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.
Модар чароғи хонадон ва сарчашмаи меҳру муҳаббати бепоён мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд модари худро эҳтиром намоем, қадри заҳматҳои ӯро донем ва бо рафтору амалҳои нек дили ӯро шод гардонем. Зеро хушбахтии ҳақиқии инсон дар ризоияти модар нуҳуфтааст.
Эмомов Саид, сардори шӯъбаи таҳсилоти ибтидои касбии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ