Дар ҳама давру замон мутолиаи китоб барои миллати тоҷик пешаи ҳамешагӣ буд ва имрӯзҳо низ дар ҷомеаи муосири миллӣ ин падида нақшу нуфузи тоза пайдо кард.
Тибқи ишораҳои “Шоҳнома”-и безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ, Тоҷикони академик Бобоҷон Ғаффоров, Забони миллат – ҳастии миллат ва Тоҷикон дар оинаи таърихи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои қадим фарҳанги китобдорӣ, китобнависӣ ва китобомӯзиро дошта, онро муқаддас медоштанд ва тамоми муаммоҳои рӯзро дар асоси чунин китобҳо ҳал менамуданд. Яке аз ин китобҳои муқаддас Авасто буд, ки дар он илм, фарҳанг, таърих, сиёсат, яъне муҳтавои дину дунё инъикос ёфта буд. Шиори ҳамешагии рӯзгори инсон дар ин номаи муқаддас “пиндори нек”, “гуфтори нек” ва “кирдори нек” дарҷ ёфта буд, ки асоси рӯзгордории ориётаборонро ташкил медод. Мутаассифона, ин номаи қудс аз ҷониби Искандари Мақдунӣ бо мақсади аз байн бурдани маърифати ориётаборон сузонида шуд. Аммо гузаштагони мо панҷа ба илму маърифат зада, то ҷое, ки тавонистанд онро дубора эҳё намуданд ва дар баробари он китобҳои “Ёдгории Зарирон”, “Дарахти Асурик”, “Динкард” ва дигар китобҳоро офарида, наслҳои минбаъдаро аз фурӯғи илму дониш бенасиб намегардониданд.
Ҳатто баъди истилои арабҳо шоирону мутафаккирон, олимону файласуфони ориётабор барои хомӯш нагаштани илму фарҳанги асил тариқи ошкору ниҳон китоб офарида, ба ояндагон интиқол медоданд. Дар ин маврид, шоири муосири тоҷик Бозор Собир дар шеъри “Забони тоҷикӣ (Забони Ватан)” гуфтааст:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ ,
То нафтанд бар замин қадри сухан.
Ҳамин тариқ, дар давраи нави инкишоф, забони тоҷикӣ ба як қатор шиддатҳо гирифтор буд, аммо маърифатпарварон ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Робияи Балхӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Зебуниссо, Саджриддин Айнӣ ва дигарон тоба имрӯз домани илму дониш ва фарҳангу хирадро аз даст надода, барои ояндагон адабиёти бой ва ғаниеро ба мерос гузоштанд, ки имрзиён аз он ҳаловати рӯҳию равонӣ ва маънавӣ мебаранд.
Дар ин раванд, бояд иброз намуд, ки баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз беҳтарин ташаббусҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, қахрамони ҳақиқии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар рушди маърифати наслҳои хурду калони халқи тоҷик нақши ниҳоят муҳим дорад. Шоире ин падидаро ниҳоят зебо васф намудааст:
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гар,
Ғизои рӯҳ мегардад, бикун бовар.
Чу хоҳӣ покдил гардиву некомӯз,
Каломи Рӯдакиву Балъамӣ омӯз.
Чу Фирдавсии Туси гирди дониш гард,
“Шифо”-и Ибни Сино мерабояд дард,
Туро “шоҳномахонӣ” раҳнамо монад,
Ки Пешвои муаззам мужда гардонад…
Биё, ҳампои халқи босаодат бош,
Биё, андар хати пешвои миллат бош.
Китоб хону китоб дону китоб омӯз,
Паёпай ҳикмати пири хирад андӯз.
Аз ин беш гар ту мехонӣ фаровонӣ,
Туро “Шоҳмужда” созад беш пазмонӣ…
Барҳақ, ин озмун дар баланд бардоштани савияи дониши хаттӣ ва шифоҳии наврасону ҷавонон ва кулли миллати тоҷик таъсири мусбии худро гузошта, доираи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ақлониро васеъ мегардонад.
Поягузори адабиёти тоҷик – устод Садриддин айнӣ дар шеъри машҳури худ фармудааст:
Биоед, эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Бар олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Аз ин ҷо, насли имрӯзаву ояндаи моро зарур аст, ки бештар ба китоб рӯй оранд, то ки дар рӯзгор ба мушкилӣ дучор нагарданд. Ба ақидаи халқ “Агар се рӯз китоб нахонӣ, забон буррогии худро аз даст медиҳад” ё “Офтоб табиатро равшан менамояд, китоб майнаи сарро”.
Ҳамин тариқ, китоб барои инсон дӯсти вафодор ва роҳкушо буда, дар натиҷаи мутолиаи он кас ба тамоми муваффақиятҳо ноил мегардад, ки дар шеъраш шоири маъруф Рустами ваҳҳоб нигоштааст:
Фурӯғи коинот аз офтоб аст,
Фурӯғи зиндагонӣ аз китоб аст.
Ҳакимова Шаҳло Давлаталиевна, ассистенти кафедраи забонҳои Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ