ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГЯИ ИТТИЛООТӢ

 Факултети технологияи иттлоотӣ яке аз қисматҳои асосии илмию таълимии коллеҷ буда, мутахассисонро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва экология таёр менамояд. Факултети номбурда соли 2019 дар заминаи факултети технологӣ ташкил шудааст. Факултет аз 3 кафедра иборат аст:

Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ (тахассусӣ)
Кафедраи химия ва экология (тахассусӣ)
Кафедраи математика ва информатика (умумиколлеҷи)
Дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои давлатӣ ва русӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
2-400101-«Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ»
2-40010202-«Низоми технологияи иттилоотӣ»
2-40010133-«Графикаи компютерӣ»
2-40010131-«Барномасозӣ барои системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ»
2-40010135-«Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ»
2-570101 – Ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани боигарии табиат;

Дар факултет 301 донишҷӯ, дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Ҳоло дар факултети «Технологияи иттилоотӣ» зиёда аз 44-нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки 5-нафари онҳо номзадҳои илм мебошанд.
Дар факултет озмоишгоҳҳои таълимии компютерию иттилоотӣ таъсис дода шудаанд, синфхонаҳои бо дастгоҳҳои муосири иттилоотӣ ва мултимедӣ таҷҳизонидашуда амал мекунанд.

Маълумот оиди кормандони факултет, кафедраҳо ва ихтисосҳои дар тобеъияти факлтет буда:
1. Ниёзов Ҳамза Ҳамроқулович номзади илмҳои техникӣ– декани факултети технологияи иттилоотӣ.
3.Фасихов Идибек Саидмирзоевич-мушовири академии таълим.
4. Сатторов Муҳмадраҷаб Маҳмадюсуфович-мушовири академии тарбия
5. Луғмонов Ислом – танзимгар.
Факултети технологияи иттилоотӣ яке аз факултетҳои сохторӣ коллеҷи техники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, айни ҳол аз рӯи 5- ихтисос мутахассисонро омода менамояд:
Дар айни замон дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар шӯъбаи рӯзона, аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
– 2-400101 – Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ;
– 2-40010202 – Низоми технологияи иттилоотӣ;
2-40010133-«Графикаи компютерӣ»
-2-400101 31 – Барномасозӣ барои системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ
-2-400101 35 – Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва итилооти корӣ;
-2-570101 – Ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани боигарии табиат;
Шакли таҳсил рӯзона, дараҷаи таҳсилот миёнаи касбӣ буда, муҳлати таҳсил 3-сол мебошад.
Дар факултет 2-кафедраи тахассусӣ ва 1-кафедраи умумиколлеҷи фаъолият менамояд, ки дар кафедраҳо 63 нафар омӯзгорон ба муттахассисони оянда сабақ меомӯзанд.