Исоева Меҳрона
Сайёдовна
Мудири бахши таҷрибаомӯзи
ва кор бо мутахассисони ҷавон

Исоева Меҳрона Сайёдовна 28 майи соли 1995 дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансури Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 2022 факултети технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо ихтисоси «Низоми технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 2018 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Солҳои 2018–2019 дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот фаъолият кардааст.

Соли 2019 ҳамчун танзимгари факултети муҳандисию иқтисодӣ кор кардааст. Солҳои 2019–2023 дар вазифаи сармутахассиси бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот фаъолияти касбии худро идома додааст.

Соли 2024 вазифаи котиби Шурои илмӣ-методӣи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ»-ро иҷро намудааст.

Аз 15 феврали соли 2024 то ҳол дар вазифаи сармутахассиси бахши омори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. 

Ҳоло бошад дар вазифаи Мудири бахши таҷрибаомӯзи  ва кор бо мутахассисони ҷавон Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Забонҳои хориҷӣ — русиро озодона медонад.
Аз соли 2018 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Суроғаи истиқомат: шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Дилшоди Барно.