Омӯзиши илмҳои техникӣ яке аз талаботҳои имрӯзаи ҷомеаи навини мо ба ҳисоб меравад. Ихтироъкорӣ дар самти техника ва технология имконият медиҳад, ки рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиро такон бахшида, барои баланд бардоштани маҳсулнокии кори онҳо замина гузорад. Ҳамаи ин имкониятҳо, бевосита бо омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ба амал омада метавонад. Ташкил ва ба роҳ мондани озмуни сартосарии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чандин сол аст, ки дар кишвари азизамон роҳандозӣ шуда истодааст, тавонистааст, шавқу завқи ҷавонро дар ин самт боз ҳам зиёд намояд.
Дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ихтисосҳои равияи техникӣ ва технологӣ амал менамоянд, ки дар ин ихтисосҳо ҷавонони соҳибистеъдоду ихтироъкор машғули омӯзиши илмҳои техникӣ буда, аз шароитҳои дар коллеҷ амалкунанда мақсаднок истифода мебаранд.
Яке аз чунин, донишҷӯёни фаъол ва боистеъдод Аминов Шоҳин Файзраҳмонович мебошад, ки ӯ айни ҳол донишҷқи курси дуюми ихтисоси 2-3701001-33- (4-сола) – «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз»-и факултети энергетика ва нақлиёти кафедраи нақлиёт ва технология мебошад. Шоҳин ҳанқз аз зинаи мактаби миёна ба омӯзиши техника ва ихтироъкорӣ шавқу завқ пайдо намуда, дар як қатор озмунҳои дохилимактабӣ ва вилоятӣ аз рӯйи наминатсияи ихтироъкорӣ иштирок намуда, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст. Барои соҳибкасб гардидан ва дар ин ҷода муваффақ гардидан Аминов Шоҳин коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимиро аз рӯйи ихтиоси «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз» интихоб намуда, донишҷӯ гардидааст. Мавсуф дар раванди машғулиятҳо фаъол буда, бештар кӯшиш менамояд, ки илмҳои техникиро азхуд намуда, назарияро ба амалия пайваст намояд.
Айни замон Шоҳин таҳти роҳбарии устодони пуртаҷриба, Изатов Мавлонназар ва Худойқулов Шукуҳҷон болои як лоиҳаи беназир – сохтани дастгоҳҳои парвозкунанда (дронҳо), ки бо нерӯи панелҳои офтобӣ кор мекунанд, машғул аст. Ин ихтироъ дар сурати амалӣ шудан метавонад дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла экология ва нақлиёт, таҳаввулоти нав ворид созад.
Шоҳин Аминов бар он бовар аст, ки маҳз Коллеҷи техникии ДТТ метавонад ояндаи дурахшони ҳар як ҷавони соҳибҳунарро кафолат диҳад. Бинобар ин, дар ин айём, ки маъракаи бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ӯ ба ҳамсолони худ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорад:
«Агар мехоҳед соҳиби касби рақобатпазир дар бозори меҳнат шавед ва дар рушди технологии ватани азизамон саҳм гузоред, пас Коллеҷи техникии ба номи академик М. Осимиро интихоб намоед!»